- Ҳамсари Афандӣ зани сабукпое будааст ва дўстони Афандӣ эшонро ҳушдор сохтаанд, ки ҳамсаратро насиҳат намоед, то аз ин роҳи каҷ баргардад. Афандӣ матлаби онҳоро дуруст фаҳмидааст, вале посухашро дигархелтар гуфтааст.
- Хуш, он чӣ посухе будааст?
- Эшон гуфтааст, ки агар кӯчаҳои Бухоро каҷ бошанд, ҳамсари бечораи ман чӣ тавр метавонад рост равад.
- Аз таблограммаи пешниҳоднамудаи идораи алоқаи шаҳрӣ бармеояд, ки соате пеш аз ба фурудгоҳ рафтан Шаҳлои Носир аз назди меҳмонхонаи «Пойтахт» ба шумо занг задааст.
Баъди чанд дақиқа мошини сабукрави ГАЗ-3102 ўро аз ҳамон сари роҳ гирифта, баъди манёврҳои зиёде ба фурудгоҳ бурд.
Мо донистан мехоҳем, ки мошини мазкурро кӣ идора мекард? - Инро беҳтар мешуд аз ҳамон нафаре мепурсидед, ки вайро то Маскав ҳамроҳӣ кардан мехост.
- Агар шуморо дуруст фаҳмида бошам, дар сари чанбараки мошин худи Баҳодури Сулаймон будаст ва баъди манёври навбатӣ ба фурудгоҳ рафтаст.
- Дуруст фаҳмидед.
- Мошини мазкур моли кист?
- Намедонам. Чун бародари вай дар стансияи таъмири техникӣ замоне кор мекард, аҷиб нест, ки аз ягон корафтода бошад. Беҳтар мебуд, ки дар ин бора аз худаш мепурсидед.
Дар ҳамин ҷо ман худам лаҳзае ба андеша рафтам. Ҳамон шаб дар кассаи фурудгоҳ ҳамроҳи Светлана Алексеевна Ғаниева оид ба гирифтани чипта баҳс доштам, ки ҳамин Баҳодури Сулаймон паҳлуям рост шуд ва касирро ҳушдор сохт, вайро ба назди ў Сайфулло Каримович фиристодааст ва сипас ҳамон ҷавонмард на як, балки ду шиносномаро ба дасти кассир дод ва Светлана Андреевна дар як мижа задан онҳоро ба чиптаҳои кайҳо навиштааш муқоиса намуда, ҳамоно баъди гирифтани маблағ пас гардонид… - Тамом? - пурсид Саодати Назар, ки аз нигоҳи банда пай бурда буд, ки ман ҳавсалаи дигари шиносоӣ ба протокол надорам.
- Боз ками дигар монд, - гўён дубора андешаҳоямро ба гӯшаи фаромушӣ дода, чашм ба коғазҳои дар пешам буда дӯхтам…

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




