Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 522 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 522 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Пас бигузор Баҳодури Сулаймон ба ин суолатон посух гўяд. Ман чунин супориш ба касе надодаам.
  • Мо донистан мехоҳем, ки “дӯстии” шумо ва Сайфуллои Карим таърихи чандсола дорад?
  • Мо қариб чор сол боз бо ҳам шиносем.
  • Мегўянд, ки кунад ҳамҷинс ба ҳамҷинс парвоз, кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз. Пас чӣ тавр шуд, ки корманди баландрутбаи милиса бо кадом як бортинжинере аҳди дӯсти баста?
  • Дар зиндагӣ ҳар кас аз рўи манфиати хеш амал мекунад.
  • Яъне, така бошаду шир диҳад, ҳамин хел?
  • Бале.
  • Мо донистан мехостем, ки дар ин аҳроми қисмат аз шумо болотаре ҳаст?
  • Нест, мефаҳмед, нест.
  • Бовар кардан мушкил.
  • Ихтиёр шуморост.
  • Мо донистан мехостем, ки аз Шаҳлои Носир ба шумо чӣ манфиате мерасид?
  • Инро, албатта, ман ба шумо нахоҳам гуфт.
  • Маҷбур намекунам. Акнун мегуфтед, ки оё шумо Алихони Набипур ном рӯзноманигори суратгирро мешиносед ё не?
  • Ман даҳҳо рўзноманигоронро мешиносам, вале на ҳамаи онҳоро бо ному насабашон дар ёд дорам.
  • Дар воқеъ, ў дўсти Сайфуллои Карим аст, ба замми ин дар модел шудани ҷияни вай саҳми босазо гузоштааст.
  • Намедонам, шояд ягон маротиба ўро дида бошам, кӣ медонад.
  • Баҳром Ҳасанро чӣ?
  • Кадом Баҳром Ҳасанро?
  • Ў дўсти Сайфуллои Карим буд. Ӯ ҳамон нафарест, ки бозгашти маҳбубааш аз мамолики Араб як сенсатсияро ба амал овард. Ҳарчанд дар мурофиаи судӣ гуноҳи вайро дайн карда натавонистанд, вале чанд вақт пас тақдир бо вай ҳисобу китобашро баробар кард.
  • Намедонам. Ман аз рўи вазифаи хизматиам рўзе ба даҳҳо нафар вомехӯрдам ва ба гумон аст, ки ҳамаи онҳоро ба ёд оварда тавонам.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан