- Лозим нест.
- Хуш қотили Парисо кист?
- Абубакр Розиқов.
- Сабаби ба қатл расонидани Парисоро мегуфтед?
- Намедонам.
- Пас моро лозим меояд, ки дар ин бора аз қотил пурсон шавем ва, албатта, ў хоҳад гуфт, ин амалро бо супориши кӣ иҷро намудааст.
- Парисо нияти ба прокуратура ариза додан доштааст, ҳарчанд ў бандаро намешинохт, вале чун ба тафтиш сар мекарданд, то ман ҳам мерасиданд.
- Чӣ магар ин ҳолатро бо роҳи гуфтушунид ҳал кардан имкон надошт?
- Бачаҳо дар ин ҷода бисёр ҷон коҳониданд, вале бе натиҷа.
- Аз рўи хабарҳои ба мо расида қотил баъди сию ду соати марги Парисо ба ҷони нафари бегуноҳе, ки соҳибхона ба гуселаш баромада буд, даст задааст.
- Дар ин бора ман хабар надорам.
- Рафту қотил нишондод диҳад - чӣ?
- Чӣ хел нишондод?
- Ки шоҳидро ҳам бо амри шумо…
- Ничего подобного.
- Боз мегардем ба сари ҳамон маводи мухадир, ки чун гирдбод чангу ғуборе ба сари шумо овард. Сайфуллои Карим мегўяд, ки ба ивази он бор ба хотири озод намудани ҷиянаш ба шумо даҳ ҳазор СКВ додааст.
- Дар пеши даҳон кӯтал нест, ҳарчӣ хестааст гуфтааст.
- Дар асл чӣ?
- Дар асл мо ҳамаи гуноҳҳои ҷиянашро ба хотири дӯст буданамон бахшидем ва чӣ хеле ки шумо дар боло қайд намудед, ҳамин “дӯстӣ” боиси аз тарафи мо рўйпӯш кардани ҷиноят шуд.
- Вале дар нисбати Хуршеди Малик чунин суханро гуфта наметавонед.
- Чаро?
- Чунки мо забонхати вайро дарёфтем, ки аз Баҳодури Сулаймон понздаҳ ҳазор СКВ қарздор аст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




