Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 520 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 520 аз 527 · 2 ноябри 2026

Муфаттиш: - Аслан дар ин ҷода шумо аз рўи принсипи гуманизм амал намудаед, чунки нахостед, ки нафари бегуноҳе паси панҷараи зиндон нишинад, ё суханам нодуруст аст?
Гумонбаршуда: - Не, суханатон дуруст, мо ҳам ҳамин фикрро намудем. Ба замми ин, агар мо ҷинояти мазкурро ба қайд мегирифтем, он чу устухон дар гулӯямон дармемонд.
Худатон бояд фаҳмед, ки баланд шудани фоизи ҷиноятҳои накушода ба чӣ меанҷомад.
Муфаттиш: - Пас он ду килограмм маводи нашъаовар куҷо шуд?
Гумонбаршуда: - Онро оташ задем.

  • Бе санад?
  • Бе санад, чун моли ёфтшуда ва нодаркор.
  • Шумо худ он бори ёфтшударо оташ задед?
  • Не, албатта, бо супориши банда он маводҳоро Ҷаъфар ва Абубакр оташ заданд.
  • Ному насаби онҳоро пурра нависед.
  • Ҷаъфар Назриев ва Абубакр Розиқов.
  • Ҳоло онҳо дар куҷоянд?
  • Ҷоник дар Русия. Абу дар кӯчаи Ниёзӣ зиндагӣ дорад, ҳоло ҳардуи онҳо аз милиса рафтагӣ.
  • Унвони ҳарбиашон?
    -Ҳарду сержант, дарвоқеъ, ҳарду ҳам ҷанговари интернатсионалист.
  • Чӣ онҳо дар Ҷумҳурии Афғонистон буданд?
  • Не, дар Фронти халқӣ…
  • Ба андешаи шумо, кадоме аз ин ду нафар дар қатли Парисои Ҳотам даст дорад?
  • Намедонам.
  • Маводи дар ихтиёри тафтишот буда новобаста аз шоҳиди безабон буданашон собит месозанд, ки дар қатли Парисои Ҳотам шумо шарикед. Метавонам иқтибосеро аз нишондоди Хуршеди Малик ва Баҳодури Сулаймон баҳратон пешкаш намоям, вале дар он ҳолат шумо худ боварии тафтишотро аз даст хоҳед дод.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан