- Ба андешаи шумо розӣ шуда наметавонам.
- Чаро?
- Қувваи мушт дар якҷоягии ангуштон аст ва рафту мо дар якҷоягӣ садди роҳи вай мешудем, имрўз ў ба курсии айбдорӣ наменишаст.
- Ин гуноҳи шумо не, балки гуноҳи онҳоест, ки аз рўи манфиати шахсӣ ўро ба зинаҳои боло тела доданд ва ҳатто андеша ҳам накарданд, ки ба бехирад додани мансаб он қадар хатареро ба бор хоҳад овард, ки ба дасти девонае таппонча диҳӣ. Хоҳиш мекунам, ба протоколи пурсиш шинос шавед, то мо дар якҷоягӣ бубинем, ки дар куҷо, ба хато роҳ додаем.
Хоҳиш мекунам…
Ман дилу бедилон он коғазҳоро болои миз наздиктар гузошта чашм ба онҳо дӯхтам…
Аз саволу ҷавоби дар протокол омада ба хулосае омадам, ки муфаттиш мусоҳибашро борҳо аз як гирдоб бароварда, ба гирдоби дигаре афгандааст. Саволҳои мухталифи муфаттиш ва ҷавобҳои гумонбаршуда, ки ҳатто аз гирифтани ҳимоячӣ даст кашидааст, касро ба андеша водор мекард, ки дараҷаи дониши полковники милиса аз дониши чӯпони одӣ беш нест.
Чун гумонбаршуда бо дасти хеш ба саволҳо ҷавоб навишта буд банда дигар чӣ ҳам гуфта метавонистам. Дар ҳақиқат Масрури Мӯсо кӯшиши зиёде ба харҷ дода буд, то гуноҳро ба гардани дигарон, аз ҷумла Сайфулллои Карим, Баҳодури Сулаймон, Шаҳлои Носир ва Хуршед Малик бор намояд. Шояд ба андешаи вай ин кор барояш даст ҳам дода бошад, вале дар асл ў дар ҳама маврид худро шарики стратегии афроди дар боло зикр шуда муаррифӣ намуда буд.
Баҳри рӯшанӣ андохтан ба ин масъала ва баҳо додан ба посухҳои гумонбаршуда мехоҳам чанд порчаеро чун нусхаи асл аз забони худи Луқмон биёрам.
Муфаттиш: - Тафтишот далелҳое дар даст дорад, ки дар охири моҳи июли соли гузашта шумо нафареро (занеро) бо зиёда аз ду килограмм маводи мухадир дар назди тарабхонаи «Бону» дастгир намудед, вале аз рўйи ҳодисаи мазкур дар ҳисоботи шабонарўзии милиса дар куҷое навиштаҷоте нест.
Гумонбаршуда: - Дуруст, мо дар ҳақиқат духтареро бо ҳамон миқдор маводи мухадир дастгир намудем, вале гуноҳи вайро дайн карда натавонистем ва чун фаҳмидем, ки духтар қурбони бозиҳои пасипардагии дигарон гаштааст, ба хулосае омадем, ки …

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




