Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 518 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 518 аз 527 · 2 ноябри 2026

Ман бошам, ин даъфа ҳамроҳи лейтенанти милиса Ҷомии Шариф ба шаҳр омадам.
Тамоми роҳ дар атрофи ҳодисаи ба сари Оташак омада андеша намудам. Ҳарчанд банда нисбати вай эътиқоде ҳам надоштам, вале дилам ба ҳоли зораш сӯхт. Ба чунин роҳ рафтани ўро таҳлили амиқ мебоист, вале бе таҳлил ҳам ҳамааш айён буд. Охир ҳамагон медонистанд, ки Оташак саводи казоӣ надорад, вале баромадан ба зинаҳои мансаб барояш душвориеро пеш намеовард, чунки ў бо замона ҳамқадам буд, шиораш ҳамеша як медиҳию даҳ мегирӣ ва даҳ медиҳию сад мегирӣ буд, ҳаст ва то қиёмат боқӣ хоҳад монд. Чунин афроди нопоку палидро аз боло дастгирӣ мекарданд, чунки ғафс шудани кисаи онҳо низ ба чунин аблаҳҳои сахт вобаста буд. Аз онҳое, ки пора гирифтану пора додан кори ҳамешагиашон ҳаст, милиса обод нахоҳад шуд. Русҳо як мақоли хубе доранд, ки мегўянд “Глаз народа, глаз божьи.” Халқ чашми ҳамабине дорад ва некро аз бад ҷудо карда метавонад. Оҳи дили халқ ғазаби худоро дар нисбати бадкорон бештар месозад, чӣ хеле ки Оташак ба ин ғазаб гирифтор шуд.
...56...
Баъди боздошт намудан мо дигар кӯшиши ба Оташак вохӯрданро накардем. Ин на ба он хотире, ки вай милиса буду ба амалҳои содиркардааш бояд мақомоти прокуратура «баҳо»
медод, балки мо аз рўи принсипи инсондӯстӣ ба вай наздик нашудем, то ки болои сухта намакоб напошем.
Баъди ду шабонарўз Саодати Назар бандаро ба дафтари кориаш хонд ва бе ягон муқаддима протоколи пурсиши Масрури Мӯсоро, ки аз дувоздаҳ варақа иборат буд, наздам гузошт. Чун муфаттиш дид, ки ман нисбати пурсиши собиқ ҳамкори хеш таваҷҷуҳе надорам, ҳайрон шуда пурсид:

  • Акбар Ҳакимович, чаро шумо нисбати ҳамкори хеш ва умуман нишондоди вай чунин бепарвоед.
  • Шарм медорам.
  • Аз чӣ?
  • Аз он чӣ ки мо дар вақташ садди роҳи ў нашудем.
  • Барои ў ва ў баринҳо насиҳат намудан ин баробари ба гӯши хар азон гуфтан аст. Гумон намекунам, ки чунин нафарон насиҳатро ҳам пазиранд.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан