- Ман розиам, ки бо шумо равам, - ниҳоят ба тарафи Воҳид Камол нигариста гуфт Шамшоди Салимпур.
- Вале мо розӣ шуда наметавонем.
- Чаро?
- Чунки метарсем, боз ягон нағмаи дигарро сар накунед, бинобар ин то пурра муайян намудани шахсияти шумо беҳтар ҳаст, ки дар ҳамин ҷо монем.
- Лозим нест.
- Шуморо нафаҳмидам?
- Банда шикасти хешро эътироф мекунам. Мардумон беҳуда намегуфтаанд, ки кўза на ҳамеша аз лаби ҷўй бе осеб бармегардад.
- Ному насабатон? - пурсид Сатторов.
- Масрури Мӯсо.
- Пас Шамшоди Салимпур кист?
- Соҳиби ҳамин мошин, моҳе боз ў дар қайди ҳаёт нест ва ман натавонистам мошини ба номи вай харидаамро ба ному насаби хеш баргардонам.
- Бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасад ё чӣ хеле ки мардум мегўянд: “бод овардаро, боз мебарад бод” ё гапам нодуруст? - гӯфт Сатторов.
- Не, дуруст.
- Барои он ки банда ба суханони шумо бовар намоям, мехостам, нафарони ба суроғаатон омадаро барои мо муаррифӣ менамудед.
- Полковник Воҳид Камол, подполковник Наврўз Умар, майор Абдумаҷидов Акбар Ҳакимович, вале ин ду нафараашро (ў ба тарафи Ҷомии Шариф ва Шодии Олим ишора намуд) бори аввал мебинам.
- Аслан дар боздошт шудани шумо ҳамин ду ҷавон аз ҳама беш гунаҳкоранд, - мусоҳибашро ором намуданӣ шуда гуфт Сатторов.
Баъди анҷом додани як қатор ҳаракатҳои расмӣ - тафтишотӣ ба дастони Масрури Мӯсо кишан зада, ўро ба мошини Воҳид Камол дар байни Шодии Олим ва Наврўз Умар шинонида гусел намудем.
Бурдани мошини «Мерседес 600»-ро Сатторов ба души корманди хеш, ки моро муддати чанд дақиқа хамроҳӣ намуда буд, гузошт.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




