- Ин табиист, ана ин шаҳодатномаи ронандагиам, марҳамат бубинед, ё дар ин ҷо дигар ному насаб омодагӣ. Ана инҳояш ҳуҷҷатҳои мошин дар ҳамин ҷо ҳам омадааст, ки соҳиби мошин Шамшоди Салимпур аст. Пас чаро шумо ду пойро ба як мӯза андохтанӣ шуда, собит кардан мехоҳед, ки ман корманди милитсия ҳастам. Агар ман бо милиса сару кор медоштам, шумо ҳатто ба ман наздик шуда наметавонистед.
Аз чунин ранг гирифтани ҳодиса ҳатто Ҷомии Шариф ва Шодии Олим ҳам, ки эшонро то худи гузаргоҳи сарҳадӣ дунболгир буданд, каме даступо хӯрданд. - Мо, албатта, пасту палид будани шуморо, на як бору ду бор дидаем, вале аз он чи ки ному насаби хеш гум намудаед, нафрати моро боз ҳам зиёдтар намуда истодаед. Ин хуб аст, ки шумо корманди милиса буданатонро инкор намудед. Маҳз ҳамин ҳолат моро водор месозад, ки талаб намоем, то пурра муайян намудани шахсиятатон шуморо боздошт намоянд. То субҳ бошад ҳамагӣ чанд соати дигар мондааст ва мо ҳама гуна масъулиятро ба душ мегирем, то шахсияти шуморо муайян намоем, - гуфт Воҳид Камол ва ба дерии вақт нигоҳ накарда, сарвари раёсати корҳои дохилии шаҳрро тариқи телефони мобилӣ аз рафти ҳодисаҳо шинос намуд.
- Чаро ман аз ин ҳодиса хабар надорам? - қариб ки гулӯяшро даронида дод зад сардори раёсат, вале Воҳид Камол ҷавоби ахмақ сукут гўён телефонро хомўш кард.
Воҳид Камол афсус бар он хӯрд, ки барои ба ҳабс гирифтани Масрури Мӯсо ордер нагирифтааст ва акнун байни милиса ва хадамоти сарҳадӣ қариб як ҳамдигарнофаҳмие ба чашм мерасид, вале соате пас ин масъала ҳалли хешро ёфт, чунки дар шоҳроҳи Ҳисор ёфтани мошини хизмати муовини сарвари милисаи шаҳр сардори раёсати шаҳриро ба андеша водор намуда буд ва дар интиҳо худи вай занг зада афсўс бар он хӯрд, ки одамро шинохта намешудааст…
Вақт мегузашт, вале касе ба дифои полковники фирорӣ дасту остин барназад. Ҳатто ў худ суханони сардори раёсатро шунид, чунки Воҳид Камол онро дар баландгўяк гузошта буд.
Афсӯсу надомати сардори раёсат қалби ўро бишикофт, ки дигар эътирозе накард.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




