Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 515 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 515 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Боз каме интизор шавед, парво накунед, ў ба ягон ҷо гурехта намеравад, фақат баҳри анҷоми неки кор… Ман худам занг мезанам…
  • Хуш боз чӣ гап шуд? - пурсид Наврўз Умар.
  • Шефи инҳо марди кордида аст ва намехоҳад пеш аз пода чанг андозад.
  • Чӣ магар анҷоми корро мо дар ҳамин ҷо интизор мешавем? - боз пурсид Наврўз Умар.
  • Чун мошини вай мавриди назорати гумрукӣ қарор гирад, моро огоҳ хоҳанд кард, - гуфт сарвари ШКД.
    Акнун мо дар курсии қафо се нафар будем ва шукр бар он гуфтем, ки муфаттиши прокуратураро бо худ наовардем.
    Тахминан баъди понздаҳ дақиқаи интизорӣ сарвари милисаи шаҳри алюмингудозони тоҷик баҳри ҳаракати мо рухсат дод ва чун ба дидбонгоҳ омадем, бо чашми хеш дидем, ки чӣ тавр Масрури Мӯсо бо шиносномаи дигаре мехост сарҳади кишварашро убур намояд…
    ...55...
    Боздошти полковники фирорӣ як қатор душвориҳоеро пеш овард. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки дар ҳуҷҷатҳои ронандаи мошини “Мерседес – 600” ғуборе ба чашм намерасид. Кормандони гумрук ва хадамоти гузаргоҳи сарҳадӣ ҳам бархилофи низомномаи идораашон баромад карда наметавонистанд. Мусофир қариб худи моро гунаҳкор карда, собит кардан мехост, мо ўро ба касе монанд намудаем.
    Охир мо аз куҷо медонистем, кор чунин ранг мегирад, вагарна нусхаи формаи 1 вайро бо худ мегирифтем.
    Ба ростӣ, порагири гузаро ва порадеҳи олидараҷа будани Оташакро мо медонистем, вале артист будани ўро ана дар ҳамин гузаргоҳи сарҳадӣ дидем, чунки ба кормандони хадамоти сарҳади рўирост гуфт, ки моро бори аввал мебинад.
    Ҳатто ҳангоми ин суханонро гуфтан мижааш хам нахӯрд. Агар ў актиёр мебуд, аз уҳдаи ҳама гуна нақшҳои ба зимааш гузошташуда бе душворӣ мебаромад.
    -Чӣ шумо намебинед, ана шиносномаам, марҳамат хонда бароед, - гўён ў шиносномаашро ба зери чашми Воҳид Камол бурд.
  • Яъне, шумо Шамшоди Салимпур? - пурсид Воҳид Камол.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан