Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 514 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 514 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Ҳоло ў дар роҳ ба самти шумо ҳаракат дорад, вале бояд гуфт, ки на бо нияти нек.
  • Шуморо нафаҳмидам.
  • Масрури Мӯсо дар як қатор ҷиноятҳои вазнин даст дорад, қариб ҳамаи ҳаммаслакони вайро тайи ду - се рўзи охир ба ҳабс гирифтем ва акнун ў азми аз кишвар баромадан дорад…
  • Шуморо фаҳмидам, рафиқ полковник, метавонед осуда бошед.
    Сипас, Воҳид Камол ба ў координатаҳои мошин ва думболгирандагонро дода гуфт, ки худи вай ҳамроҳи гурӯҳи тафтишотӣ ҳамин лаҳзаҳо ба роҳ мебароянд.
    Баъди панҷ дақиқаи дигар мошини хизматии Воҳид Камол пардаи шабро дарида моро ба сӯйи сарҳад мебурд…
    Тахминан як километр пештар аз дидбонгоҳи асосии гумрукӣ корманди БДА ба ронандаи мошини мо амри боздошт дод.
    -Тинҷӣ ҳаст? - пурсид Воҳид Камол, ки дар курсии пеш менишаст.
    -Подполковник Сатторов амр дод, ки ман шуморо ҳамроҳӣ кунам.
  • То куҷо?
  • То дидбонгоҳ.
  • Гумон доред, ки мо роҳро гум мекардем?
  • Не, вале ман бояд амри сардорро иҷро намоям.
  • Марҳамат, гузашта нишинед.
  • Ба андешаи Сатторов ҳоло ба он ҷо рафтан маъние надорад.
  • Чаро?
  • Намедонам, вале ў гуфт, ки бе аломати огоҳкунанда мо бояд дар ҳамин ҷо интизор шавем.
  • Инаш барои чӣ?
  • Гуфтам, - ку намедонам.
  • Бо вай алоқа барқарор намоед.
    Сержанти милиса тариқи телефонии мобилӣ сардорашро аз омадани мо огоҳ намуд ва сипас гӯшакро ба Воҳид Камол дод.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан