-Вай нияти ба мошини роҳгузаре нишастан дорад, - хабар дод лейтенанти милиса Ҷомии Шариф.
- Ба вай наздик нашавед, танҳо масофаи муайянеро нигоҳ дошта, ўро дунболгирӣ намоед.
- Шуморо фаҳмидем, то алоқа.
- Рафту вайро аз даст диҳем – чӣ, - эътироз намуд Наврўз Умар.
- Ба фикрам, то кунун шумо бо собуни вай ҷомашўӣ накардаед, - гуфт Воҳид Камол.
- Ин ҷо ҷомашўӣ чӣ дахл дорад? - боз ҳам паст наомада эътироз намуд сардори бахши кофтукови ҷиноӣ.
- Оташак на аз он фардҳоест, ки бо дасти хушку холӣ сарҳадро убур намояд. Ў сар медиҳаду пулашро не. Ин ҳама як манёвр аст, то рақибро ба гумроҳӣ андозад.
Баъди чор дақиқаи дигар боз гурӯҳи назоратӣ иттилоъ дод, ки объект ба мошини роҳгузари тамғаи «Камаз» нишаст ва боз баъди даҳ дақиқа бо ронандаи мошини мазкур хайрухуш намуда, панҷ-даҳ метр дуртар аз мошини тамғаи «Мерседес 600» рангаш сафед фаромад. Сипас, ў ба ҷониби мошини мазкур ҳаракат намуда, худро бе ягон мамониат сари чанбараки он гирифт ва баъди на бештар аз як дақиқа ба роҳ баромад. - Яъне, ў ба сафари дар пеш истода тайёрии пухта дида будааст, - хомӯширо вайрон намуда луқма партофт Наврўз Умар.
- Дар ҳоле ки вай қарор дорад, роҳи алтернативиро намебинам, - гўён Воҳид Камол ба ШКД шаҳри Турсунзода занг зада хоҳиш намуд, ки ўро ба таври таъҷилӣ ба сардорашон пайваст намоянд. Баъди ду дақиқа нафаре, ки Воҳид Камол ўро ба гуфтушунид хонда буд, гӯшакро бардошт.
- Воҳид Камол аз ШКД- и ноҳияи Гулистон. Бубахшед, ки шуморо ташвиш додем ва хобатонро нороҳат сохтем.
- Боке нест, ман шуморо гӯш мекунам, рафиқ полковник.
- Гумон мекунам, ки шумо муовини сардори раёсати корҳои дохилии шаҳри мо Масрури Мӯсоро мешиносед?
- Оташакро?
- Бале.
- Кӣ ўро намешиносад?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




