Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 512 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 512 аз 527 · 2 ноябри 2026

Ҳар чи буд ё набуд, ў тамоми нимаи дуюми рўз ва қисми аввали шаб аз ҷойи кораш қадаме ба берун нагузошт ва нисбати ҳодисаҳои рухдода бетафовут буд.
Маҳз ҳамин ҳолат чун нештар ба ҷони мо мехалид. Дер ҳам бошад, мо ба хулосае омадем, ки эшон пеш аз ҳуҷум қувваи рақибонашро тариқи разведкаи пагоҳирўзӣ (ба ИВС омадани Ҳақдоди Забир) санҷида тактикаи хешро аз рўи вазъи ба вуқўъ пайваста тағйир додааст. Акнун мо намедонистем, ки ў дар ягон самти сусти фронт ба ҳуҷум мегузарад ва ё боз чанд рўзе то рух додани муъҷизае дар мавқеи мудофиа меистад. Аҷаб хомӯшие буд, хомӯшии имшаба, хомӯшие чун хомӯшии халиҷ, хомўшие, ки ибтидояш хушу интиҳояш дилхарош аст…
Соати 2305 дақиқа гурўҳи назоратӣ ба алоқа баромада, хабар дод, ки объект чароғҳои дафтари кориашро хомӯш кард, вале то оғози рўзи нав ў аз бино берун нашуд. Аз рўи ақли солим ба хулосае омадан мумкин буд, ки вай имшаб нияти ба манзилаш рафтан надорад, вале…
Соати 0125 дақиқа гурӯҳӣ назоратӣ марказро боз ба алоқа даъват намуда хабар дод, ки объект аз бино берун шуда, худ сари чанбараки мошини хизматиаш нишаста, дар айни вақт ба самти хиёбони Саъдии Шерозӣ ҳаракат дорад. Махз ҳамин ҳолат марказро ба хулосабарории дақиқ маҷбур намуд, чунки манзили истиқоматии вай дар кӯҳдомани рў ба рўйи боғи Айнӣ буд. Ба гурӯҳи назоратӣ супориш дода шуд, ки объектро дунболагирӣ намоянд. Чун самти ҳаракати мошин ҳанўз муайян набуд, нафарони дар ҳузури Воҳид Камол буда фикру андешаҳои мухталиф доштанд.
-Ў нияти аз сарҳади давлатӣ гузаштан дорад, - гуфт Воҳид Камол.
Баъди чанд дақиқа ҳамин нуқтаи назар пазируфта шуд, чунки гуруҳи Ҷомӣ хабар дод, ки объект ба шоҳроҳи асосии Ҳисор баромада, дар километри дуюми шоҳроҳи мазкур мошинро боздошта рўйи роҳ баромад…

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан