Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 511 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 511 аз 527 · 2 ноябри 2026

Ба хотири ҳамон биступанҷ фоиз шумо хостед, ҷияни хешро тариқи давлати сеюм ба ҳамон мамлакате интиқол диҳед, ки пулашро кайҳо гирифтаед. Лаҳзае пеш ёдовар шудед, ки модари Шаҳло дар нисбати шумо мақоми модарӣ ҳам дорад ва бо амали охирини хеш собит намудед, ки ба ивази пул тайёр ҳастед, ки на танҳо ҷиян, балки хоҳару модари хешро ба оғўши аҷнабие партоед. Дар нисбати ҳамаи онҳое, ки дар ҳодисаи ба сари Парисо ва Нодир Замон омада шариканд, шумо гуноҳи бештаре доред, ҳарчанд ки қотил ҳам нестед. Ба ростӣ, эҳтироми банда аз шумо дида нисбати онҳое, ки даст ба куштор задаанд, бештар аст, чунки онҳо амали зиштеро дар ҳаққи бегонае раво дидаанд, вале шумо чунин амалро нисбати ҷиян, дурусттараш, нисбати хоҳари хеш раво диданӣ шудед, бехабар аз он ки худо зинокоронро дўст намедорад ва сабаби шикаст хӯрдани шумо низ дар ҳамин аст…
...

  • Чаро хомўшед? Гап занед! - мусоҳибамро ба давом додани суҳбат ҳидоят намудам ман, вале ў гўё ба даҳон об гирифта буд…
    ...54...
    Бархилофи пешбиниҳои мо полковники милиса дар амалҳои минбаъдаи хеш чандон фаъол набуд. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медод, ки ў ба нақшаи асосии ҳуҷум дар фронти марказӣ (ИВС-и ШКД-и ноҳияи Гулистон дар назар аст) тағйироти ҷиддие ворид намуда буд. Ин чӣ тағйироте буд, касе намедонист. Ташвиши ҳамаи мо низ дар ҳамин буд. Ин субҳ ў, сержанти милиса Ҳақдоди Забирро ба ИВС фиристод, сипас бо вай вохӯрду бозгашташро ба кор талаб намуд, вале… Дар ҳамин ҷо миссияи хешро ба анҷомрасида пиндошта дар камингоҳ (дафтари кориаш) мавқеи мудофиаро интихоб кард.
    Албатта, дар паси деворҳои баланди ҷойи кораш ў ба кадом корҳо машғул буд, мо намедонистем, вале аз рўи он ки ў дар коргоҳаш орому осуда буд, ба хулосае омадем, ки зиндагиаш чун ҳама рўзҳои пешин дар маҷрои хеш равон буду равон.
    Аз рўи ақли солим чун нохудо ў бояд дар кадом вазъ қарор доштани киштиро муайян намуда, баҳри аз гирдоб баровардани он чораҳо меандешид, вале гўё гирдоб ақли ўро рабурда буд, ки тақдири дигарон он тараф истад, нисбати тақдири хеш низ бепарво буд ё мўъҷизаеро аз ғайб интизор буд ва ё умед ба каромоти илоҳӣ дошт?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан