Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 510 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 510 аз 527 · 2 ноябри 2026

Ба таври дигар гўем, дузд дуздро дар шаби тор ҳам мешиносад.
Ҳодисаи дигар низ айнан чунин тарҳрезӣ шудааст ва чун ширкати шумо нияти ба хориҷа интиқол додани Парисоро дошт, пас мо бар он ақидаем, ки шумо аллакай расмҳои урён ва нимурёни ўро ба ҳамон мамолике, ки зикраш дар боло рафт, бурдаед. Дар ин кор ба шумо ба ҷуз Хуршед Малик ё худ Абдулваҳҳоб, ки ҷиянатонро ба дасти милисаҳо супорид аз эҳтимол дур нест, ки худи ҷиянатон ва собиқ дўсти рўзноманигори суратгиратон ёрӣ надода бошанд. Ширкат хизматҳои шумо ва ҷиянатонро ниҳоят қадр намудааст ва ситораи рекломи фирмаи шотландии «Виле КЭТ» гардидани ҷиянатон низ ба мададу дастгирии сардори ширкат Масрури Мӯсо ё худ Оташак амалӣ гаштааст, чунки худованд ба ў ақлу заковати маҳдуд, вале нафси номаҳдудеро ато намудааст.
Рафту агар шумо баҳри ҳимояи хеш далели боэътимоде дошта бошед, онро пеш оваред, вагарна мо донистан мехоҳем, ки оё Алихони Набипур Парисоро аксбардорӣ намуда буд ё не ва агар аксбардорӣ намуда бошад, дар ин кор ба ў кӣ кўмак намудааст?

  • Албатта, ман ба хато роҳ додам ва бархилофи гуфтаҳои шумо далеле надорам, вале наметавонам дар ҳаққи нафаре, ки ба шумо маъқул нест, туҳмат намоям.
  • Яъне, ки вай гуноҳе надорад?
  • Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист, бигў?
  • Майлаш, бало ба паси Алихони Набипур, албатта, дер ё зуд ў низ киштаи хеш хоҳад даравид. Акнун бигўед, ки сабаби бо бонги хатар хезонидани ҷиянатон чӣ буд?
    ...
  • Хомўшед? Чунки аз гуфтани ҳақиқат метарсед.
  • Аз кадом ҳақиқат?
  • Аз ҳамон ҳақиқате, ки шефатон дар шикасти амалиёт шуморо гунаҳкор намуд ва гуфт, ки ба ҷуз нархи дар шартнома буда баҳри иҷро накардани уҳдадорӣ биступанҷ фоиз иловапулӣ супоридан лозим.
  • Ин ба ман чӣ дахл дорад?
  • Чунки шартномаро бо хориҷи кишвар танҳо шумо баста метавонистед, ба таври дигар гўем, шумо ҳамон даллае (миёнрав) байни фурӯшанда ва харидор ҳастед.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан