- Нуқтаи назари мо дар ин бора тамоман дигар аст, - гуфтам ман.
- Мехоҳед, ки маро ба ман шиносонед?
- Кӯшиш мекунем, ки ҳақиқатро рўи об барорем.
- Зид нестам.
- Вақте ки шумо ба ёрии ҷиянатон шитофтед ва матлаби онҳоро шунидед, ҳамоно ба нафаре занг задед, ки пештар дар хизматаш будед, ҳарчанд ў дар он замон мартабаи калоне ҳам надошт, вале чун соя дар зери сояи боло буд. Ҳамин соя ба шербачаҳояш супориш дод, ки шумо ва ҷиянатонро ба ҳоли хеш гузоранд. Бо ин васила шеф шуморо дукарата қарздор намуд ва ҳамзамон ҷиянатонро низ ба ҳамкорӣ кашид. Шумо аслан маводҳои антиқа не, балки дар интиқоли онҳое, ки мехостанд дар хориҷи кишвар кору фаъолият дошта бошанд, даст доштед. Бечора духтарҳо аз куҷо мефаҳмиданд, ки шуморо чӣ ҳавое дар сар аст. Аҷаб не, шумо баъзан коғазпечҳои хурдро ҳам мебурдед, вале аз рўйи маълумоти гирифтаи мо онҳо аксҳои урёни духтароне буданд, ки шумо аз вазифаи хизматии хеш истифода бурда, ба хориҷа интиқол медодед. Ҳамон гуфтугӯи шумо тариқи телефон дар бойгонии мо маҳфуз аст ва шахси бо шумо дар тамосшуда на Баҳодури Сулаймон, балки полковники милиса Масрури Мӯсост. Аз ин ба хулосае омадан мумкин аст, ки шумо бо шеф шиноси деринаед. Мисоли одии ин шиносоӣ шумо марги фоҷиваии Баҳроми Ҳасан ном дӯстатон аст. Акнун мо донистан мехоҳем, ки тариқи кӣ шумо бо Баҳром шинос шудед?
- Дар ёдам нест?
- Аз рўи маълумоти то ба ин дам ба дасти мо расида шуморо бо ҳам Алихони Набипур шинос намуда буд. Оё собит кардан намехоҳед, ки Алихони Набипурро ҳам намешиносед?
- Не.
- Дар урфият мегўянд, ки “бигў дўстат кист, ман мегўям, ки ту чӣ касӣ.” Дар парвандае, ки мавриди барасияш қарор додаем, баъзе ҳодисаҳо айнан такрор шудаанд. Аз ҷумла Баҳром Ҳасан имконият фароҳам овардааст, ки кадом як нохалафе маҳбубаи ўро дар шакли урён аксбардорӣ намояд ва он аксбардор кист танҳо шумо медонед, чунки ҳамон аксҳоро шумо ба мамолики Араб бурдаед ва сабаби шиносонии шумо бо Баҳром ва Алихон гардид.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




