Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 508 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 508 аз 527 · 2 ноябри 2026

Ҳамчунин, ба онҳо забонхат додам, ки бо ихтиёри хеш тайёрам хабарҳои махфиро дар нисбати ҳамкорон ва онҳое, ки таваҷҷуҳи милисаро бедор намудаанд, мерасонам.

  • Ҳоло он забонхат дар куҷост, ба ҳар ҳол мо ҳангоми кофтуков дар манзили Баҳодури Сулаймон онро наёфтем.
  • Тайи ин муддат ман ба онҳо баъзе “хизматҳо” намудам ва бо амри боло Баҳодур он забонхатро ба ман баргардонида дод.
  • Он чӣ гуна хизмате будааст?
  • Аз хориҷа овардани баъзе молҳои камёфт, ба замми ин, тайи ин муддат ман ду - се маротиба баъзе борҳои онҳоро бидуни назорати гумрукӣ ба хориҷи мамлакат бурдам.
  • Онҳо чӣ гуна бор буданд?
  • Намедонам, шояд расм ва ё асарҳои антиқа. Баробари ба фурудгоҳи давлати дигар расидан нафаре аз ҳамзабонон пайдо мешуд ва баъди гуфтани парол ман он коғазпечҳоро ба дасташон медодам.
  • Чӣ дар он давлатҳо назорати гумрукӣ набуд?
  • Бояд гуфт, ки чунин борҳоро ба як давлат мебурдам ва хизмати ман дар назди ширкат он аст, ки банда дар он ҷо нафареро аз мақомоти боломартабаи назорати гумрукӣ пайдо намудам ва ў ҳеҷ гоҳ моро дар нимароҳ нагузошт.
  • Шумо, ки аз ширкат ёдовар шудед, мо донистан мехоҳем, ки сарварии он ба души кист?
  • Инашро ман намедонам. Звенои аз ман болотар ҳамин Баҳодури Сулаймон аст.
  • Чанд рўз пештар шуморо нафаре дар шикасти амалиёти ба хориҷа бурдани Парисо гунаҳкор намуд. Аз гуфтугўи телефонӣ ҳам бошад, мо фаҳмидем, ки ў дар аҳроми ҷиноӣ нисбати шумо мақому мартабаи баландтаре дорад. Ному насаби вайро донистан мехостем.
  • Баҳодури Сулаймон.
  • То ҷое, ки мо иттиллоъ дорем, шумо пеш аз ҳодисаҳои ба сари ҷиянатон омада ҳам, ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар ҳамкорӣ қарор доштед.
  • Дурўғ, ҳамааш ҳамон хеле буд, ки ман гуфтам.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан