Баъди гузаштани ҳашт-даҳ дақиқа лочин дар рў ба рўи мо омодаи “парвоз” шуд…
- Пеш аз ҳама донистан мехостем, ки кадом омилҳое сабаб гардидаву шумо бо гурӯҳҳои ҷиноятпеша пайвастед? - баъди суҳбати на чандон тулонӣ дар атрофи шахсияти худи боздоштшуда ба сари мақсад омада пурсид муфаттиш Саодати Назар.
- Вне закона может оказаться каждый.
- Беҳтар мешуд, ки ҳолати мазкурро аз рўи ҳолномаи хеш шарҳу эзоҳ медодед.
- Ҳамааш аз он сар шуд, ки ҷияни бандаро бо маводи нашъадор дастгир намуданд. Бояд қайд намоям, ки модари Шаҳло ба ман на танҳо фарзанди падар, балки модар ҳам ҳаст, чунки баъди вафоти модарам маро ў калон кардааст. Ҳарчӣ дар зиндагӣ ба даст овардаам, бо дастгирии апаам Соҷида ба даст омад, новобаста аз он ки мо фарзанди як модар ва ду падар ҳастем. Пас чӣ тавр ман метавонистам, ки нисбати тақдири ҷиянам, ки аз беэҳтиётӣ ба ин варта афтида буд, бепарво бошам.
- Ҳар кӣ кишти хеш медаравад, пас чаро нагузоштед, ки ҷиянатон подоши амали хешро дар асоси қонун бигирад?
- Ман аллакай андешаҳои хешро дар ин бора гуфтам.
Гумон мекунам дигар кас ҳам ба ҷои ман мешуд, айнан чунин рафтор мекард. - Хоҳиш мекунам ба ҷойи дигарон хулоса набароред.
Акнун бигўед, чӣ тавр ҷиянатонро аз он варта берун овардед?
Онҳо ба ман гуфтанд, ки ба ивази даҳ ҳазор СКВ кӯшиш мекунанд, ки шефашонро розӣ намоянд, ки аз ҳодисаи рухдода, ки ҳанўз ба қайд гирифта нашудааст, чашм пӯшад.
Ҳамон шаб ман ба онҳо нисфи маблағи гуфтаашонро пайдо карда додам, вале ба қавле шефашон розӣ нашуд. Чун фаҳмиданд, ки ман дар ҳавопаймоҳои миқёси байналхалқӣ кору фаъолият дорам, баъди суҳбати хоса бо сарварашон аз ман забонхат гирифтанд, ки даҳ ҳазор доллари амрикоӣ аз Баҳодури Сулаймон қарздорам ва ба ивазаш хонаи якҳуҷрагии хешро ба гарави онҳо гузоштам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




