- Чунки мо шоҳид доштем.
- Ному насабаш?
- Шаҳлои Носир. Фақат вай гуфт, ки соати 2130 дақиқа дар майдончаи ошёнаи ҳаштум нафареро, ки аксашро ҳамсараш оварда буд, ҳамроҳи Парисо, ки дар ошёнаи дувоздаҳум зиндагӣ мекард, дида буд. Он вақт ба гуфти Шаҳло ҳарду аз поён ба боло қадам мезаданд. Чун Шаҳло ҳамон лаҳзаҳо ба поён омад, то пеш аз хоб каме ҳам бошад, аз ҳавои тоза нафас гирад. Баъди понздаҳ, бист дақиқа ў ба самти хона ҳаракат намуд ва ҳамон ҷавонмардеро дидааст, ки саросемавор ба берун баромад. Шаҳло ҳамон лаҳзаҳо суханеро ба забон овард, ки Раъноро ба бовар намудани асли воқеа маҷбур кард.
- Бигўед, ки он чӣ сухане буд?
- “Ана инро Дон Жуан мегўянд.” Омаду лаҳзае коми дил бардошту боз аз пайи сайди дигаре рафт…
- Тавбаатон аз сидқи дил аст ва он метавонад ба ҷуз тафтишот мақбули Офаридгор ҳам шавад, акнун мегуфтед, ки ҳамон забонхати Хуршеди Малик дар куҷост?
- Ман онро дар байни ҷилди сенздаҳуми китоби “Энсиклопедияи Советӣ” дар хонаи бародарам гузоштам.
Дар рафти кофтукови навбатӣ мо он коғазеро, ки Хуршед Маликро ба ғулом табдил дода буд, ёфта, чун далели шайъӣ гирифтем…
...53...
Ҳамагӣ чор соат пеш аз тамом шудани муҳлати боздошташавӣ бо амри виҷдон мо боз лочинро ба ҳузур пазируфтем. Ин вохӯрӣ баъди тановули шом дар дафтари кори банда сурат гирифт. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки дар шаби интиқол додани боздоштшуда аз ИВС, ки дар ҳавлии милиса ҷойгир буд, то прокуратура як қатор душвориҳоеро пеш меовард, ин ҷо бошад…
Баъди суҳбат бо Баҳодури Сулаймон моро прокурор ба наздаш хонд ва тайи қариб ним соат дар атрофии қазияҳои рухдода пурсон шуд. Соати 18 ману муфаттиш ба маҷлиси оперативии назди сардори ШКД рафтем ва соате дар атрофи рафти тафтишот давр задем…
Аз он ҷо ба тарабхонаи «Табассум» рафтем. Чун ба милиса баргаштем ва муфаттиш ҳанўз пой ба долони идора нагузошта, ба навбатдор, ки дар болои зинаҳои пеши бино рост меистод, амр дод, ки боздоштшуда Сайфуллои Каримро ба дафтари кории майори милиса Абдумаҷидов ҳозир намоянд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




