- Мо, ҳамчунин, донистан мехостем, ки ба кадом хотир шумо дар кӯчаи Камонгарон бо Раънои Салим вохурӣ доштед?
- Бо амри боло банда ўро бовар кунонидам, ки шавҳараш Нодир Замон дар марги дӯсти мо даст доштааст ва ҳамчунин фаҳмидан хостем, ки ҳангоми ба Дубай сафар намудан ў бо худ чӣ маблағе гирифта буд.
- Инаш барои чӣ?
- Шеф донистан мехост, ки мабодо шогирдонаш ўро фиреб надода бошанд ва чун ў маълумот гирифт, ки банда замоне бо ҳамсари бевамондаи Нодир дар як ташкилот кор мекардам, рӯшанӣ андохтани ҳамин самти корро ба души ман вогузошт.
Ҳамчунин, ман ба Раъно ваъда додам, ки, албатта, дар ҳодисаи ба сари шавҳараш омада тариқи ёру дӯстон рӯшанӣ хоҳам андохт. Барои ҳамин ҳам аз нишонаҳои ў пурсон шудам ва посух гирифтам, ки шавҳари Раъно дар китфи чапаш акси кашидашудаи шамшер доштааст. - Хуш, баъди вохӯрии шумо шефатон ба кадом хулоса омад?
- Намедонам.
- То ҷое, ки мо шуморо фаҳмидем, Нодир Замон ҳам бо амри шефи шумо аз дорулбақо ба дорулфанно реҳлат намуд, ё гапам нодуруст? - пурсид Саодати Назар.
- Не дуруст.
- Сабаб?
- Аниқашро намедонам, вале ба фикрам ў киллерро шинохта буд ва дар ҳаёт будани вай ҳамеша хатарро ба вуҷуд меовард. Шеф ҳамеша таъкид мекард, кўшиш намоед, ки амали ба зимма гирифтаатонро аз чашми бад эмин доред ва рафту чашме ба шумо дар он айём бархӯрд, онро бишикофед.
- Мегуфтед, ки оё шумо Алихони Набипурро мешиносед?
- Бори аввал чунин ному насабро мешунавам.
- Ҳа, дарвоқеъ мо ҳеҷ нафаҳмидем, ки чӣ тавр Раънои Салим ба қотил будани шавҳараш бовар кард?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




