Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 504 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 504 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Ин ҳамон расмест, ки шефат тариқи сержанти милиса мехост вориди ИВС намояд.
  • Мо бояд нишондод медодем, ки дар марги Парисо шавҳари Раъно даст дорад. Албатта, мо ному насаби вайро намегуфтем, вале банда бояд мегуфтам: нафаре, замоне ҳамроҳаш дар тўйҳо ба мардум хизмат мекард оқибат қасди ҷонаш намуд, чунки ў аз амри вай сар печидаву ба хориҷа рафтан нахост.
  • Марги худи вайро ба зиммаи, ки мегузоштед? - пурсид муфаттиш.
  • Ба андешаи шеф тафтишот марги ўро куштор аз рўйи маблағи дар дасташ буда арзёбӣ мекард. Охир ў бо пули калон нияти ба Дубай рафтан дошт.
  • Мо мехостем, ки шумо ному насаби қотилро ба забон оваред.
  • Чун банда аз Хуршед Малик хабар гирифтам, ки Парисо нияти ба прокуратура рафтан дорад, дар ин бора шефро огоҳ намудам. Ў ҳамоно супориш дод, ки амали аз бозӣ баровардани Парисоро ба души дӯстдоштааш гузорам. Дар ин бора ман бо Хуршед гуфтугў намудам, вале ў қатъиян аз ин кор даст кашид. Дар ин бора, ман боз ба шеф хабар додам ва ў амр дод, ба Хуршед фаҳмонам, ба хотири хизматҳояш боло “гуноҳи” вайро мебахшад, агар ў садди роҳи амалӣ шудани амри боло нашавад.
    Хуршед розӣ шуд ва калиди хонаи маҳбубаашро ба дасти ман дод. Ман дар навбати хеш онро ба дасти шеф супурдам.
    Хуршед он вақт гуфта буд, ки Парисо ҳамеша калидро аз самти муқобил дар қулф мегузорад, бинобар ин ба ў амр дода шуд, ки бо вай вохӯрда, дар бораи вохӯрии шабонааш бо вай ба мувофиқа ояд. Хуршед занг зада хабар дод, ки ба Парисо дар ин бора ба мувофиқа омадааст, вале духтар ўро ҳушдор сохтааст, ки пеш аз омаданаш ҳатман занг занад. Баъди соати бистуяк Хуршед ба вай занг зад, вале касе гӯшакро набардоштааст. Қотил соати 2130 дақиқа, ҳангоме ки пой ба остонаи ошёнаи ёздаҳум гузоштааст, аз ошёнаи дувоздаҳум фаромадани сайдашро ҳамроҳи ҷавонмарде дидааст, ки ба поён ҳаркат доштааст. Чун қотил акси ўро дида будааст ва боз огоҳӣ доштааст, ки духтар баргашта омадани Хуршедро интизор мешавад, баъди лаҳзае ҷисми хешро пушти дари яке аз ҳуҷраҳои ошёнаи ёздаҳум гирифта, интизор шуда, баробари ба поён рафтани он ду дилдода ба боло тохта, бо калидҳои аз шеф гирифтааш дари хонаро кушода, вориди он манзил гашта, омадани сайдашро интизор шудааст…
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан