Ба таври дигар гўем, “Афлотун дўсти ман аст, вале қимати ҳақиқат аз он дӯстӣ болост,” - мусоҳибамонро ба худ оварданӣ шуда гуфтам ман.
- Аз дасти шумо ҳеҷ кор намеояд ва шумо ҳоло намедонед, ки ўро чӣ қувваи бузурге дар пушт аст.
- Қувваи бузург вайро дар пушташ буд ва худо худ шоҳид, ки чанд соат пас ҳамаи онҳое, ки ўро баҳри содир намудани қонуншиканиҳо чун шайтони алаиҳилаъна ҳидоят мекарданд, аз ў рўй хоҳанд тофт. Ман шахсан афсўс мехӯрам, ки дӯсти мансабталабамон ба чунин роҳ рафт. Чӣ илоҷ, ки кӯзапуштро ба ҷуз хоки гӯр дигар чизе рост нахоҳад кард. Акнун шефи шумо ва дӯсти ман дар лаби чоҳ қарор дорад ва ҳеҷ як қуввае ўро наҷот дода наметавонад. Ҳоло ҳам сари вақт аст, андеша намоед, то аз ҳолатҳои сабуккунандае, ки дар қонун баҳри тавбакунандагон омадааст аққалан баҳравар шавед.
-Оё шумо кафолат дода метавонед, ки банда аққалан то мурофиаи судӣ зинда мемонам? - баъди хомӯшии тўлоние гуфт Баҳодури Сулаймон .
Мо баҳри ором намудани вай маҷбур шудем, ки ҳодисаи субҳгоҳӣ бо Ҳақдоди Забир рухдодаро низ барояш кушоем ва ўро бовар кунонидем, ки агар ўро қуввае дар пушт мебуд, ҳаргиз ба ҷойи вохўрӣ худаш намерафт ва ҳатто саҳнаи вохўрии шефашро ба нишон додани таърихи рўзу соаташ баҳраш пешкаш намудем… - Баҳри инкор кардани далелҳои дар дастдоштаи шумо ин дафъа бандаро далеле дар даст нест.
- Ному насаби нафаре, ки мо аксашро ба шумо нишон додем, мақоми ў дар аҳроми (пирамида) ҷиноӣ – чӣ тавр аст?
- Масрури Мӯсо, ў дар пирамиди охирин шахсест, ки мо медонем, болотар аз ў кист, намедонам.
- Мехостем ана дар бораи ҳамин акс, - муфаттиш акси сари субҳ аз дасти Ҳақдоди Забир гирифтаро ба мадди назари мусоҳибамон гузошт, - каме ҳам бошад маълумот медодед.
- Инро аз куҷо гирифтед?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




