Хостам аз ҷой бархеста, адаби чунин афроди пастро диҳам, вале чун дар дафтари кории муфаттиши прокуратура будам, астағфурилоҳ гуфтам. Сипас лентаи диктофонро каме тоб дода, тугмачаи онро пахш намудам: -“Онҳо гуфтанд, ки агар ман понздаҳ ҳазор доллар ёфта диҳам, метавонанд шефашонро розӣ кунонанд, ки баҳри озодии ман чорае андешад. Чун ҳатто сад доллар надоштам, ба онҳо буду шуди гапро гуфтам. Онҳо роҳи алтернативашро ҳам ёфтанд ва маро маҷбур намуданд, ки бо дасти хеш забонхат нависам, ки гўё ман аз шаҳрванд Баҳодури Сулаймон понздаҳ ҳазор доллар қарз гирифтам ва рафту агар дар давоми як сол маблағи қарзро бо фоизаш баргардонида натавонам, уҳдадор мешавам, ки ҳавлиамро ба қарздиҳанда фурӯшам.” Ман тугмачаро зер намудам ва боз хомӯшӣ ҳукмфармо гашт. Баъди суҳбат бо Хуршеди Малик аз чӣ бошад, ки Саодати Назар ба суҳбати мо чун тамошобин назора мекард, шояд ў донистан мехост, ки кадоме аз ин ду боздоштшуда дар марги Парисо бештар саҳм гузоштаанд.
- Ман ҳеҷ намефаҳмам, ки дар бораи кадом забонхат сухан меравад? Охир агар чунин забонхат вуҷуд медошт, пас чаро ҳангоми кофтуков онро аз манзили банда наёфтед?
- Ин чандон мушкилие ҳам надорад, чунки чун мо шефатонро боздошт намоем, шумо ҳамаи гуноҳро ба гардани вай бор карданӣ шуда, худ хоҳед гуфт, ки он забонхат дар куҷост, - гуфт муфаттиш.
-Кадом шеф, шумо чиҳо гуфта истодаед? - Шеф ҳамон нафарест, ки чанд моҳ қабл дар утоқи рақами 28-и раёсати шаҳрӣ дифои вазифа менамуд. Ҳарчанд ҳангоми пурсиши Хуршеди Малик (Хуршеди Малик ҳамон хушдори Парисост, ки ўро бо супориши шумо бояд ба қатл мерасонд), шеф дар утоқи кориаш набуд ва ўро шогирдонаш мавриди муҷозот қарор дода буданд. Ҳоло шеф ба вазифаи масъулиятноктаре рафтааст ва ба андешаи мо рўзҳо не, дурусттараш соатҳои охирини салтанати хешро гузаронида истодааст. Шумо гумон насозед, ки дили мо ба шеф намесўзад.
Ҳаргиз ин хел нест, чунки замоне ў ҳамроҳи мо ана дар ҳамин ШКД-и ноҳияи Гулистон кору фаъолият дошт. Ба таври дигар гўем, мо чандин сол бо шефи шумо, ки акнун соатҳои охири “салтанати”-и хешро паси сар намуда истодааст, шиносем ва аз таҷрибаю дониши ў баҳра бурдаем, вале чӣ илоҷ, ки ҳамаи ин назди қонун, назди ҳақиқати аслӣ ба миқдори ду дона ҷав арзише надорад.





