Хушбахтона, дар ин самт мо дастовардҳое дорем, ки метавонем агар ҳарфе ҳам ба забон наоваред, шуморо ба ҳабс гирифта, ба маҳбасхонаи тафтишотӣ (СИЗО дар назар аст) равона созем.
Ана ба инаш чи мегўед, рафиқ резидент.
Аз шунидани ҳамин як калима рангу рўйи мусоҳиби мо канд. Ў бисёр кӯшид, ки мо авзояшро пай набарем, вале ин кор ба вай даст надод.
- Чӣ, чӣ гуфтед? - боз пурсид ў.
- Он чӣ ки шунидед ва мо ҳатто медонем, ки дар марги Парисои Ҳотам шумо даст доред.
- Дурўғ, дурўғ, ман ҳеҷ гуна Парисоро ҳам намешиносам.
- Сари ин масъала боз хоҳем баргашт, инчунин, мо далелҳои раднашвандае дорем, ки шумо дар марги Нодир Замон ҳам шарикед.
- Ҳамааш беҳуда, шумо ҳеҷ далел ҳам дар даст надоред, мефаҳмед, ман ҳатто намедонам, ки Нодир Замон кист?
- Нодир Замон шавҳари Раънои Салим аст ё Раънои Салимро ҳам намешиносед?
- Раънои Салим, Раънои Салим, номи шинос аст, вале ба ёд оварда наметавонам.
- Аз тарафи шумо нисбати ин зани паричеҳра ниҳоят беинсофист ва мо афсӯс мехурем, ки ўро низ ба ин суҳбат даъват накардаем, вагарна намедонем шумо чӣ хел ба он чашмони зебои ў менигаристед.
- Гуфтам-ку, номаш шинос, вале ба ёд оварда наметавонам.
- Ин ҳамон занест, ки чанд рўз пеш ҳамроҳи шумо дар кӯчаи Камонгарон буд ва на танҳо ў. Чун аз он хона шумо аз ҳама охир баромадед, мо ба хулосае омадем, ки ба ҷуз бо духтари соҳибхона, ки шумо бо вай дар фурудгоҳ вохӯрда, чиптаи тайёрро гирифтед, боз бо ҳамкори вай Сайфуллои Карим ҳам аз наздик шиносед. Ба андешаи банда шумо чун тортанак ҳастед, ки торҳои танидаатонро ҳаду ҳудуд нест ва, албатта, дар давоми суҳбат мо боз собит хоҳем кард, ки торҳои кашидаи шумо то куҷо меравад, - гуфтам ман.
- Агар ин ба шумо даст диҳад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




