- Бале. Он вақт ман аз кӯча гузашта истода ҳис намудам, ки гурусна мондам ва ба мақсади тановули нисфирўзи ба ҳамон қаҳвахона рафтам.
Чун вориди қаҳвахона шудам, чашмам ба Парисо бархӯрд, ки ҳамроҳи ҷавонмарде машғули тановул буд. Ман акнун ба ёд оварда истодам, ки аз ин вохӯрии ногаҳонӣ авзои Парисо дигар шуд, вале ба ҳар ҳол ў ба истиқболам бархест ва бандаро чун номзадаш ба он ҷавон муаррифӣ намуд. Аз он чӣ ки маро чун номзади хеш хонд, дилам каме ҳам бошад, осуда шуд. Сипас, номи ўро ҳам гуфт, вале ҳоло ба ёд оварда наметавонам, ки ўро чи номе буд. Ба фикрам Парисо ўро чун бозаргони калон ба ман муаррифӣ намуда буд. - Агар ўро бинед, мешиноседаш?
- Албатта, ҳарчанд ў баъди дар он маҳфил пайдо шудани ман каме ҳам бошад, худро ноҳинҷор ҳис намуду ким - чӣ кореро баҳона намуда, узр пурсида рафт.
- Ҳатто бо пешхизмат ҳам ҳисобӣ накард?
- Не, дар ин ҷода ў ҷавонмардӣ нишон дода, сад сомониро болои миз гузошта рафт.
Сипас муфаттиш аз ғалладони мизи кориаш чанд расмеро бароварда, ба дасти Хуршед Малик дод ва ў бе ягон истиҳола яке аз он расмҳоро шинохт. Ў акси Нодир Замон буд.
Баъди ба ИВС фиристодани Хуршед Малик, то овардани Баҳодури Сулаймон, мо дар атрофи ин қазия андешаронӣ намуда, ба хулосае омадем, ки новобаста аз он ки Нодир Замон ба дигаре хонадор шудааст, вале ў аз собиқ раққосаи тӯйгард ҳам дил наканда будааст…
...52...
Соате бо Баҳодури Сулаймон сари баҳс қарор доштем, вале чун дидем, ки як суханаш аз фаршу дигараш аз арш аст, маҷбур шудем баъзе ҳолатҳои корро чун далели шайъӣ баҳраш кушоем. - Мо бисёр кӯшидем, ки шуморо баъди ҳама он хатокориҳоятон баҳри тавба намудан ҳидоят намоем, вале акнун ба хулосае омадем, ки мо танҳо вақтро беҳуда сарф намудаем. Эҳтимол, шумо худ хоҳони онед, ки вақт сипарӣ шаваду шумо боз аз об хушк бароед. Агар чунин аст, ин хатои шумост. Дар замоне, ки шумо дар “меҳмонхона” “истироҳат” доштед, мо баҳри дайн намудани гуноҳҳои содирнамудаатон хеле ва хеле ҳам ҷон коҳонидем.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




