Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 499 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 499 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Гумон мекунам, ки худи Парисо, чунки қулфро ман худам гузошта будам ва як калиди онро боре Парисо шикаст. Як калид дар дасти ман буд ва Парисо калиди эҳтиётиро истифода мебурд.
  • Пас канӣ он калид?
  • Парисо одате дошт, ки баъди ворид шудан ба хона ҳатман дарро бо калид маҳкам мекард ва калид ҳамеша дар дар буд.
  • Шумо дар нишондоди аввалаатон гуфта будед, кордеро, ки дар он ному насабатон ҳаккокӣ шуда буд, ду ҳафта пеш гум карда будед, оё мо метавонем ба ҳамон гуфтаҳои аввалаатон бовар кунем.
  • Не, ман он вақт тарсидам. Ҳақиқати кор тамоман дигар аст. Кордро ду шаб пештар аз он ҳодисаи шум ман дар манзили Парисо фаромӯш намуда будам ва Парисо бандаро тариқи телефон огоҳ намуд, ки кордро накобам, чунки он дар манзили ўст.
  • Мо донистан мехоҳам, ки Ҷоник ва Абу ҳоло дар куҷоянд?
  • Инашро ман намедонам, чунки баъди шиносоӣ бо резидент ман дигар онҳоро надидам.
  • То ҷое, ки мо иттилоъ дорем, пеш аз ба хориҷа фиристодани духтарони роҳгумзада онҳоро дар намуди урён ва нимурён аксбардорӣ намуда, аксҳоро ба харидор мефиристонанд. Оё бо ёрии шумо касе дар чунин намуд маҳбубаатонро аксбардорӣ накард?
  • Не.
  • Ба андешаи шумо, ба ҷуз резидент, боз кӣ метавонист бе мамониат вориди он хона шавад.
  • Намедонам.
  • Шумо боре ҳам ҳамроҳи Парисо ягон нафареро надидаед.
  • Дар хонааш не.
  • Дар дигар муҳит чӣ?
  • Боре дар қаҳвахонаи Наргис ман ўро ҳамроҳи як нафар дидам.
  • Тасодуфан?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан