Баъди тановули нисфирўзи мо ба дафтари кории муфатташ рафтем ва Саодати Назар овардани боздоштшуда Хуршеди Маликро ба прокуратура талаб намуд.
Баъди ним соати интизорӣ боз дар рў ба рўи мо ҳамон нафаре меистод, ки ба ҳаёти се зан хатти батлон кашида буд.
Ба ҷуз он ду паричеҳрае, ки дар боло ишора намудем, ў ҳамсари қонунии хешро ҳам дар нимароҳ монда буд ва барои зан - модар аз ин фоҷиаи зиёдтаре нест, ҳарчанд ҳамсараш дар нисбати ин Дон Жуан даъвое надошт.
- Суҳбатро давом медиҳем, - гуфт муфаттиш ва боз ҳамон диктофони аз дафтари кории Наврўз Умар овардаашро омодаи сабт намуд.
- Агар мо шуморо дуруст фаҳмида бошем, шумо сухани онҳоеро, ки ба тақдири Парисо хати батлон кашида буданд, рад карда натавонистед? - пурсидам ман.
- Ҳамааш ҳамин хел буд.
- Ному насаби нафаре, ки аз номи боло бо шумо дар ин бора суҳбат намуд?
- Баҳодури Сулаймон.
- Магар қотил худи вай аст?
- Намедонам, вале аз он чӣ ки Парисо дарро ба рўйи одами бегона намекушод, - ба хулосае омадан мумкин, ки маҳз “резидент” дар он ҷо буда.
- Шумо дар нишондоди аввалаатон овардаед, ки баъди ҷудошавӣ бо Парисо ў гуфтааст, ки пеш аз омаданатон аввал занг занед?
- Ҳамааш айнан ҳамин хел буд.
- Пас шумо чун мард оё рашк накардед, ки чӣ хаёле дар сари бонуятон ҳаст?
- Парисо духтари озод буд ва тариқи рашк ҳам ўро ба роҳ даровардан ба гумон буд.
-Мавқеи шумо чун мард, ба фикрам, чандон устувор набудааст, - киноя зад муфаттиш. - Шояд ҳамин хел ҳам буд.
- Шумо гуфтед, ки дарро бо калидҳои хеш кушодед.
- Айнан ҳамон хеле, ки гуфта будам.
- Пас дарро ба рўйи қотил кӣ кушод?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




