Ин кор ба зимаи лейтенанти милиса Ҷомии Шариф ва лейтенанти милиса Шодии Олим гузошта шуд.
Маҳз ҳамин ду нафарро объект намешинохт, чунки ҳарду ҳам корманди нав буданд.
Ҳақдоди Забир дар мулоқоти навбатӣ хабар дод, ки шеф (объект дар назар аст) хоҳони он аст, ки банда ҳарчӣ тезтар ба ҷойи кор баргардам.
- Дар кадом муҳлат нагуфт?
- Худи ҳамин рўз ё фардо.
- Ба вай нафаҳмондед, ки ин кори чандон осон ҳам нест.
- Гуфтам.
- Ў чӣ гуфт? - боз пурсид сарвари ШКД.
- Гуфт, ки муҳимаш ман розӣ шавам, он тарафашро худаш ҳал хоҳад кард.
- Вайро боз чӣ фикре дар сар ҳаст, - гуфт Наврўз Умар.
- Ба фикрам, ҳамин хел аст.
- Ба вай занг зада гўед, ки ба назди Воҳид Камол рафтам, вале бозгаштамро ба кор напазируфт.
- Хуб шудааст, - гўён Ҳақдоди Забир тариқи телефонии мобили хост аз ҳамон ҷо ба шефаш занг занад, вале худи Воҳид Камол садди роҳ шуда гуфт, ки беҳтар мешуд аз хонааш ё аз хиёбони марказӣ занг занад.
- Чаро аз ин ҷо не, охир ў бо телефони худаш занг мезанад,
- изҳори нигаронӣ намуда гуфт Амрихудоев.
- Зеро нафаре, ки таваҷҷуҳи моро бедор намудааст замоне корманди оперативӣ буд. Ҳарчанд ў саводи қазоӣ ҳам надорад, вале набояд фаромуш кард, ки “девона ба кори хеш ҳушёр аст.” Рафту вай тариқи ёру шиносҳояш муайян карданӣ шавад, ки Ҳақдоди Забир дар кадом квадрати шаҳр истодааст.
- Шумо милисаҳоро фаҳмидан душвор, - иқрор шуд прокурор ва баъди гирифтани дастури навбатӣ ва шакли алоқа бо милиса Ҳақдоди Забир аз ҷой бархест.
Дар он ҷо нишастани мо низ дигар маъние надошт. Бо супориши Воҳид Камол сардори бахши кофтуковӣ - ҷиноятӣ бояд тариқи каналҳои оперативӣ муайян мекарад, ки чӣ тавр ба Шаҳлои Носир бо дигар ном шиноснома додаанд. Ман ва Саодати Назар бояд пурсиши Хуршед Маликро давом медодем.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




