Чун Ҳақдоди Забир аз даромадгоҳи асосӣ вориди ҳавл нашуда буд, ўро дастгир намуда, ба қисми навбатдорӣ меоранд ва ҳангоми кофтуков аз дохили туфлиаш коғазпечеро пайдо мекунанд, ки дар он ба ҷуз расми шамшер дигар каломе оварда нашудааст. Он чӣ амале буд, касе намедонист, вале ҳодисаи рухдода худ тақозо мекард, ки нисбати ин порчаи коғаз, ки дар он расми корд ё худ шамшер омада буд, набояд аз паси панҷа нигоҳ кард.
Чун боздошти Ҳақдоди Забир дар он субҳи содиқи зимистон рух дод, гурӯҳи ниҳоят ками кормандон аз он хабардор шуданд. Худи ҳамон лаҳза Воҳид Камол ва Амрихудоев ўро ба дафтари кории сарвари ШКД бурда, оқибати ин амалро барояш фаҳмонда доданд. Танҳо баъди ду соат сержанти милиса Ҳақдоди Забар нишондод додааст, ки ба ин амал бо супориши кӣ даст задаст. Чун нафари ўро ба ин роҳ ҳидояткунанда бояд аз анҷоми неки амалиёт огоҳ мешудааст ба мо муяссар шуд, ки Ҳақдоди Забирро ба ҳамкорӣ моил созем. Гуфтем, ки агар амалиёт бобарор анҷомад, мо ҳатто ин ҳодисаро ба гӯшаи фаромӯшӣ хоҳем дод ва ба вай имконият медиҳем, ки гузориш навишта, ба хоҳиши хеш аз кор равад…
Албатта, Хақдоди Забир мефаҳмид, ки ба чӣ кор даст задааст.
Чун Воҳид Камол ва Амрихудоев ба ў қавли мардона доданд, ба ҳамкорӣ розӣ шуд. Мо ўро тариқи сӯрохии девори ҳавлӣ ба берун баровардем ва соате пас нафаре, дар маркази шаҳр лаҳзае ҳам бошад, бо ў вохӯрд. Чун аз қафои вай назорати қатъӣ буд, тариқи камераи оперативӣ ин “мулоқот” ба навор сабт карда шуд.
- Дар ҳақиқат, шахси ба мулоқот омада мурғи ниҳоят баландпарвоз буд ва бе далелҳои муътамад бо ў рў ба рў шудан маъние надошт.
Аз он чӣ ки он мурғи “ҳумо” худ ба мулоқот омада буд, мо ба хулосае омадем, ки баъди ҳабси ёронаш ў дар ин дашти Карбало танҳо мондааст. Албатта, барои ба зери назорат гирифтани телефон ва намудҳои дигари корреспондентӣ ў фикр кардан ҳам ғайриимкон буд, зеро нафаре чун вай дар тамоми соҳаҳо чашму гӯши хешро дошт. Ба ҳамин хотир аз қафои вай назорати беруна ташкил намудан ба мақсад мувофиқтар омад.





