Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 495 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 495 аз 527 · 2 ноябри 2026

Шумо дар ҳаёт боре ҳам ягон китоб хондаед?

  • Албатта.
  • Вале ман ана ба ҳамин суханони шумо шубҳа дорам, чунин дар таърихи башар кам набуданд мардоне, ки барои нангу номи хеш, барои олуда насохтани пероҳани маҳбубаи худ худро ба доми бало андохтанду муҳаббатро чун гавҳари ноёб ҳифз намуданд. Пас шумо чӣ тавр метавонед дар ин бора чунин осуда сухан гўед?
    Ман дидам, ки авзои муфаттиш беҷо шуд ва баҳри ором намудани ў дар рафти пурсиш муддате танаффус эълон намудем…
    Наврўз Умар боз гӯшаки телефонро бардошта, ба навбатдор супориш дод, ки конвойро барои бурдани боздоштшуда фиристонад…
  • О, шумо дидед, ин лаънатӣ чӣ хел осуда ҳодисаҳоро ба ёд овард, - баъди бурдани Хуршеди Малик оҳи сарде кашида гуфт муфаттиш.
  • Ором шавед, - хоҳиш мекунем, ором шавед, Саодат - апа.
  • Магар баъди шунидани чунин қисса ором шудан осон аст? - пурсид ў.
  • Ором шавед, вагарна эҳсосот оқибати нек нахоҳад овард,
  • гуфтам ман ва таклиф намудам, ки то субҳи рӯзи дигар сари ин масъала бар - нагардем. Ҳамагон ин таклифро пазируфтанд ва мо чароғҳоро хомўш намуда баромадем…
    ...51...
    Кори хона ба бозор рост намеомадагӣ барин дар оғози субҳи нав рафти воқеаҳо каме дигаргун шуданд ва мо ҳамагон маҷбур шудем, ки Абдулваҳҳоб ё худ Хуршеди Маликро то нимаи дуюми рўз ором гузорем.
    Ҳамаи инро сабаб он буд, ки соатҳои ҳафти субҳ сержанти милиса Ҳақдоди Забир, ки дар рухсатии меҳнатӣ буд, банохост дар даромадгоҳи ИВС пайдо шуда, аз навбатдорӣ дар дохили ИВС буда хоҳиш мекунад, ки дарро кушоянд. Чун ҳайати дар хизмати ИВС қарордошта дар ин бора аз худи Воҳид Камол супориши махфӣ гирифта будааст, навбатдори ИВС оҳиста тугмачаи пултро пахш мекунад ва баъди лаҳзае навбатдори ШКД ҳамроҳи гӯруҳи оперативӣ дар хизмат буда гирди бинои ИВС- ро, ки дар худи ҳавлӣ воқеъ гардида буд, иҳота мекунанд.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан