Нафареро, ки хабарро гирд овардааст “агент” мегўянд ва хабар қабулкунандаро “резидент.”
- Пас шумо чӣ кардед?
- Парисо аз забони Мавлуда ном зане, ки дар мамолики Араб будааст, чунин суханоне шунида ва тамоман ақлашро гум намуд. Ў ният дошт, ки субҳи рўзи душанбе 27 январ рост ба прокуратура рафта, ҳамаи онҳоеро, ки ўро нияти ба хориҷа фиристодан доранд, рўйи об барорад. Дар ин бора ман ба “резидент” хабар додам, то нашаваду….
- Онҳо чӣ чора андешиданд.
- Онҳо маро гуфтанд, илоҷе намуда вайро аз ин роҳи хато боз дорам, вале духтаре, ки ба падар раҳм накард, ба суханони ман гӯш медод, дар ин бора баъди ҳамон рӯзи шанбе ман боз ба “резидент,” ки ў худ аллакай Парисоро мешинохт, хабар додам. Соате пас ў занг зада гуфт, ки аз боло амр шудааст, ки …
- Баъд чӣ шуд?
-Ман ба душ нагирифтам, гуфтам, ки агар кушед ҳам, ин корро карда наметавонам. - Мо гӯшу ҳушамон ба шумост, - боз мусоҳибашро ба давом додани саргузашташ ҳидоят намуда гуфт бонуе, ки сарвари тафтишот буд.
- Онҳо бандаро огоҳ намуданд, ки агар чунин аст, садди роҳ нашав, вагарна зинда нахоҳӣ монд. Ҳатто ба ман ёдрас намуданд, ки агар рафту дар милиса ҳам ягон вақт ному насаби моро ба ёд орӣ, дасти мо дароз аст ва ҳамон ҷо туро маҳв хоҳем кард.
- Ба соддагии шумо нафратам меояд, - иқрор шуда гуфт муфаттиш.
- Чунки шумо онҳоро намедонед.
- Онҳо ҳам, албатта, инсонанд ва ақл доранд, модоме ки соҳибақланд, пас бояд бидонанд, ки қонун чист, давлат чист.
Агар беақл мебуданд, то ҷое ҳақ ба ҷониби шумо мебуд, вале дар ин ҷо рафти ҳодисаҳо тамоман дигаранд. Бубинед, тақдир шуморо ду маротиба бо ду париваше рў ба рў намуд, вале шумо аз тарси ҷони хеш бо онҳо чӣ кардед. Якеро ба доми оташ ва дигареро ба доми марг ҳаво додед. Магар ҳамин аст оини ҷавонмардии шумо.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




