- Шаҳлои Носир дар нишондодаш овардааст, ки шумо қотили Парисоро медонед.
- Инкор намекунам.
- Ному насабаш?
- Инашро намедонам.
- Чӣ хел?
- Ҳамин хел одӣ. Чун ман масъули ба хориҷи кишвар фиристодани Парисо будам ва ў ҳатто ба хотир ҳам намеовард, ки ман дар зери ниқобам, бояд аз ҳоли дили ў ба боло, яъне ба Баҳодури Сулаймон, хабар медодам. Гумон мекунам, ки ба ҷуз ман ин амалиётро Шаҳло ҳам ба душ дошт ва ў низ тариқи каналҳои доштаи хеш аз амалҳо ва қадамҳои дугонааш болоро огоҳ мекард.
- Ҳамаи ин амалҳо ба кадом хотир буд.
- Баҳодури Сулаймон ба ман ваъда дод, ки рафту амалиёти ба хориҷи кишвар фиристодани шахси дар зери васигии ман қарор дошта бобарор анҷом гирад, онҳо забонхати бандаро хоҳанд баргардонид ва он ҳамчун фоизи хизматҳои ман хоҳад шуд.
- Давом диҳед, - боз мусоҳибашро ҳушдор сохта гуфт Саодати Назар.
- Агар дар ёдатон бошад, дар вохўрии аввалин ман гуфта будам, ки ҳамон рўз ман бо Парисо вохўрӣ доштам ва ба ў ваъда додам, ки соатҳои бисту як боз ба манзилаш ташриф меорам.
- Дар ёдам ҳаст, - гуфт муфаттиш.
- То он лаҳза ман борҳо вайро аз роҳаш баргардониданӣ шудам.
- Аз кадом роҳ?
- Чун ман дар робитаи махфӣ ба милиса қарор доштам, бояд ҳама он суханонеро, ки аз забони Парисо мешунидам, ба “резидент” хабар медодам.
- Аҷиб, мо ҳеҷ нафаҳмидем, ки дар он бозиҳои пасипардагии шумо “резидент” кист?
-Ҷоник ва Абу бандаро бо қарздиҳанда шинос намуда гуфтанд, ки дар забони мо, яъне забони милиса, мафҳумҳое аз қабили “агент” ва “резидент” ҳаст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




