Умуман ба Шаҳло муяссар шуд, ки бо кадом як роҳе бандаро ба дасти милиса супорад. Онҳо ҳам чун шумо баёноти Шаҳлоро, ки ифодагари розҳои ниҳонаш буд, баҳрам қироат намуданд. Гуфтам, ки ҳеҷ як Шаҳлоро намешиносам. Сипас, онҳо дар асоси қонун дар байни чор нафари дигар маро ба Шаҳло нишон доданд ва ў маро шинохта, барои вайро ба доми оташ партофтанам, ҳатто ба рўям як шаппотии обдор ҳам зад, ки то кунун овози он шаппоти дар гӯшам садо медиҳад.
- Давом диҳед, - амр намуд муфаттиш.
-Дигар чӣ ҳам мегуфтам. Онҳо маро ба ҷуз гирифтани нишондодам, боз сабти видеоӣ ҳам намуданд. Сипас, кодекси ҷиноятиро бароварда, ба дастам доданд, то бихонаму хулоса барорам. Чун хондам, ҳуш аз сарам парид. Онҳо гуфтанд, ки агар ман понздаҳ ҳазор доллар ёфта диҳам, метавонанд шефашонро розӣ кунонад, ки баҳри озодии ман чорае андешад. Чун ман ҳатто сад доллар надоштам, ба онҳо буду шуди гапро гуфтам, ки надорам. Онҳо роҳи алтернативиашонро ҳам ёфтанд ва маро маҷбур намуданд, ки бо дасти хеш забонхат нависам, ки гўё аз шаҳрванд Баҳодури Сулаймон понздаҳ ҳазор доллар қарз гирифтам ва рафту агар дар давоми як сол маблағи қарзро бо фоизаш баргардонида натавонам, уҳдадор мешавам, ки ҳавлиамро ба қарздиҳанда фурўшам. - Онҳо кистанд?
- Ба фикрам, милиса буданд, вале боре ҳам ман онҳоро дар либоси низомӣ надида будам. Онҳо мегуфтанд, ки мо корманди фаврии оперативӣ ҳастем. Чун пурсиши банда дар худи раёсати шаҳрӣ гузашт, чӣ тавр ман метавонистам ба онҳо бовар накунам.
- Ному насабашон?
- Якеро Ҷоник мегуфтанд, дигараш Абу ё худ Абубакр.
- Худатро дар кадом дафтари корӣ пурсиш намуданд.
- Дар утоқи рақами 28.
- Дигар онҳоро надидед?
- Не, онҳо ба ман фаҳмонданд, ки агар аз ҷонам сер нашуда бошам, муҳри хомӯшӣ ба лаб занам. Минбаъд мо бо худат танҳо ба воситаи қарздиҳанда суҳбат хоҳем кард. Сипас дар ҳамон ҷо ман боз дар зери таъсиру фишор ба онҳо забонхат додам, ки чун хабаркаш ба милиса ҳамкорӣ хоҳам кард.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




