Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 491 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 491 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Бе парда гап занед.
  • Ба фикрам, Хуршедро кадоме аз ҳамон нозирон ҳамроҳи Парисо дидааст ва ин гап, албатта, ба гўши боло расида. Чун Парисо моли бозоргузар буд, онҳо Хуршедро маҷбур намуданд, ки ўро баҳри сафар ба хориҷа омода созад…” Наврўз Умар боз тугмачаро пахш кард ва муддати на чандон тўлонӣ мо ҳама дар ҳалқаи хомўшӣ монедем.
  • Дида истодаед, ки хомўш нишастан танҳо бар зарари худатон хоҳад шуд, - гуфт Наврўз Умар.
  • Медонам, - ниҳоят овоз рӯшан кард мусоҳиби мо.
  • Мо донистан мехоҳем, ки шиносии шумо бо нафаре, ки овозашро шунидед, аз кай оғоз ёфт ва чанд муддате шумо бо ҳам дар муносибати дӯстӣ қарор доштед? - пурсидам ман.
  • Ин ҳодиса дар охири моҳи июли соли гузашта рух дод.
    Чун ман муддате аз ҳамсарам ҷудо шуда будам, дар назди кӯли “Ҷавонон” бо духтаре вохўрдам ва ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наовардам, ки ў низ чунин вохўриро интизор бошад. Мо ҳамагӣ чанд соате дар муносибати дӯстона қарор доштем. Ба таври дигар гўем, аз рўйи ба амал омадани баъзе ҳолатҳо Лайливу Маҷнун нашудем.
  • Сабаб?
  • Дар тарабхона нафаре ба ҷойи мо ҳисобӣ кард ва бо ҳамин бандаро ба қавле қарздор намуд. Ба ивази он ҳама некиҳояш, ки маблағи саду ҳаштод сомониро ташкил медод, ў аз ман хоҳиш кард, ки халтаи селофаниеро то истгоҳ барам.
    Чун мутеи нафс шуда будам, суханашро рад карда натавонистам. Ҳангоми баромадан ман халтаро ба дасти бону дода, худ ба ҳоҷатхона дармадам ва чун баромадам, аллакай қиёмате ба по хеста буд. Хостам бо ёрии Шаҳло шитобам, вале нохост чашмам ба соҳиби селофан бархӯрд, ки думро аз он маҳал хода кард. Чун ман номи аслии хешро ба Шаҳло нагуфта будам, аз рўи вазъи ба амаломада...
    -Думро хода кардам, гӯед?
  • Ҳамааш ҳамин хел шуд.
  • Сипас чӣ шуд? - пурсид муфаттиш?
  • Тайи чанд моҳе ман чун дузд дар кӯчаҳои шаҳр қадам задам ва чор моҳ пеш бо Парисо ном духтар шинос шудам.
    Охир ман аз куҷо медонистам, ки ў ҳам дар ҳамон биное зиндагӣ дорад, ки Шаҳло зиндагӣ мекард.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан