Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 490 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 490 аз 527 · 2 ноябри 2026

“Фардо якшанбест, - гуфт модарам ва агар хоҳӣ, биё ба аёдати холаат ба Явроз равем, дар лаби дарёи “Кофарниҳон” метавонӣ хобатро ба об гўйӣ.” Ман розӣ шудам. Рӯзи душанбе чун аз он ҷо баргаштам, ба тағоям занг задам ва ў ба ман фаҳмонд, ки ба милиса чӣ бигўям. Сипас, ман ба модарам занг задам ва ў гуфт, ки Парисоро ба қатл расонданд, ман ба ў ҳамон саргузашти аз забони тағоям шунидаро баҳраш арзонӣ доштам.

  • Дар бораи Раънои Салим чӣ гуфта метавонед?
  • Ў ҳам замоне ҳамроҳи Баҳодур дар маркази ҷавонон ва туризм, кор мекардааст.
  • Бори охирон кай ва дар куҷо ўро дидед?
  • Дар кӯчаи Камонгарон.
  • Кӣ вайро ба он ҷо даъват намуд?
  • Ба хоҳиши Баҳодур ман.
  • Сари кадом масъала суҳбат намудед?
  • Инашро ман намедонам, чунки онҳо дар алоҳидагӣ суҳбат намуданд.
    Муфаттиш боз ба чанд суоли дигар посух гирифт ва чун фаҳмид, ки мо суоле надорем, ба суҳбат нуқта гузошта мусоҳибашро боз ба ИВС фиристод…
    ...50...
    Баъди машварати на чандон тӯлонӣ номзадии “меҳмони” нав баҳри пурсиш дар озмун ғолиб омад. Саодати Назар тариқи телефон ба навбатдор супориш дод, ки Хуршед Маликро аз нав ба дафтари кории Наврўз Умар биёранд.
  • Мо мехоҳем шуморо ба баъзе ҳолатҳои кор шинос намоем, - баробари ба курсӣ нишастани Хуршед Малик гуфт муфаттиш…
    Бо ишораи муфаттиш Наврўз Умар тагмачаи диктофонро пахш кард:
  • “Абдулваҳҳоб ё худ Хуршед Малик ҳамон нафарест, ки баҳри амон мондани сари хеш дӯстдоштаашро ба коми оташ ҳаво дод.
  • Киро?
  • Парисоро.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан