Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 489 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 489 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Дурусттараш, дипломате ки ба манфиати гурӯҳи хурде дар кишвари дигар кору фаъолият мекунад.
  • Баҳодури Сулаймон чӣ?
  • Ба гумонам, нисбат ба ҳамаи мо ў мақоми болотаре дорад.
  • Яъне, ки даҳбошӣ
  • Намедонам, даҳбошӣ ё қӯрбошӣ, вале тағоям ва Хуршеди Малик ба вай итоат мекунанд.
  • Шумо чӣ?
  • Ман ҳам.
  • Дар аввали суҳбат ба саволи мо “ўро ба боло” чӣ пайвастагиест, посух гуфтед, ки намедонам ҳоло бошад.
  • Дар худи ширкат кор тарзе ба роҳ монда шудааст, ки дасти рост чӣ кор мекунад, дасти чап хабар намеёбад ва ман гуфта наметавонам, ки аз вай то худи боло боз чанд зина ё худ ҳалқаест.
  • Мақоми шумо дар ҳодисаи ба сари Парисо омада?
  • Ин ҳамон дурӯғест, ки бо супориши боло банда бофта баровардам.
  • Яъне, ки шумо ҳеҷ касро дар зинапояҳо надидед?
  • Надидам.
  • Пас чӣ лозим буд дурўғ гуфтан?
  • Ин амри боло буд. Ҳамон шаб тағоям телефон карда гуфт, ки дар боло донистан мехоҳанд, ки оё ман боре ҳам дар давоми шаб ба берун баромада будам, гуфтам, ки як маротиба китоби “Математикаи олӣ”-ро ба поён бурдам. “Айни муддао,” - гуфт тағоям ва ба ман амр кард, ки сари субҳ ба ҳамроҳи модарам ба хонаи холаам Холида ба Явроз равам.
    Ман он шаб ба модарам чизе нагуфта, сар ба болин мондам ва нисфи шаб бедор шуда чароғро фурўзон намудам. Ин амали банда чунин натиҷа дод, ки модарам ҳам бедор шуда, аҳволи бади маро дида пурсид:
    -Шаҳлоҷон ба ту чӣ шуд?
    -Гуфтам, ки хоби бад дидам, вале онро ба забон оварда наметавонам.
    Аз ин суханони ман модарам ҳам тарсид, вале дигар дар бораи он чӣ хобе буд, пурсон нашуд. Модарам ҳамеша таъкид мекард, хоби бадро ҳаргиз ба касе нагўй, беҳтараш ба лаби дарёча раву онро ба рўди шўх дар танҳоӣ бигў, то он хобро об бараду ту аз офату балоҳо эмин монӣ.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан