- Инро бояд шумо аз ман беҳтар донед.
- Мо ҳеҷ чизро намефаҳмем.
- Адбулваҳҳоб ё худ Хуршеди Малик ҳамон нафарест, ки баҳри амон мондани сари хеш дӯстдоштаашро ба коми оташ ҳаво дод.
- Киро?
- Парисоро.
- Бе парда гап занед.
- Ба фикрам, Хуршедро кадоме аз ҳамон нозирон ҳамроҳи Парисо дидааст ва ин гап, албатта, то ба гӯши боло (Шаҳло бо ангушташ ба тарафи шифт ишора намуд) расида. Чун Парисо моли бозоргузар буд, онҳо Хуршедро маҷбур намуданд, ки ўро барои сафар ба хориҷа омода созад.
- О вай гуфт, ки ҳамагӣ ду ҳафта пеш аз марги Парисо аз забонаш шунидааст, ки моро ҷудогии на чандон тӯлоние дар пеш аст.
- Шумо бошед, бовар намудед?
- Бале.
-Ҳарчанд Хуршед донишгоҳеро хатм накарда бошад ҳам, ў артисти таппа - тайёр аст. Ў ба гӯши Парисо он қадар ваъз гуфта буд, ки бечора духтар худаш ҳам бовар намудааст, ки пинҳон доштани ин амал ба манфиати худи вай аст. - Пас кӣ қасди ҷони вай намуда?
- Ҳамонҳое, ки ўро нияти ба мамолики араб бурдан доштанд
- Чаро?
- Инро беҳтар мешуд, аз худи Абдулваҳҳоб ё дурусттараш Хуршед Малик мепурсидед.
- Қотили Парисо кист?
- Ба ин суолатон ҳам худи Хуршед посух хоҳад гуфт.
- Набошад, нақши шумо ва тағоятон дар ин амалиёт чист?
- Ману тағоям ҳамчун Хуршед Малик бозичаи дасти дигарон будем. Тағоям шояд дар дигар самт кору фаъолият дошт.
- “Дигар самт” гуфта чиро дар назар доред?
- Тағоям занҷираке байни воломақомҳои маҳаллӣ ва шайхони араб буд.
- Далла гўед?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




