Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 487 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 487 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Сари субҳ тағоям маро ба хона, ба назди модарам бурда гуфт, ки дирўз бегоҳи Шаҳлоҷонро бо приступи апендитсит (дарди кӯрруда) аз рўи роҳ ба беморхона бурданд. Бинобар ин ман нахостам шуморо ташвиш диҳам ва амонати шуморо бармегардонам. Ҳарчанд тағоям марди камгуфтор аст, ман намедонам дар он лаҳза чӣ хел модарамро бовар кунонида тавонист.
  • Баъд чӣ шуд?
    -Банда ҳамроҳи ҳамон ду нафар бо навбат муддати як ҳафта ба ҷустуҷуи Абдулваҳҳоб баромадам, вале бе натиҷа.
    Тахминан чор моҳ пеш аз тирезаи хонаамон ман ҳамон Абдулваҳҳобро дидам, ки дар беруни бино ҳамроҳи Парисо суҳбат дорад. Ман он лаҳза худро ошкор накардам, чунки намехостам худамро дар байни ҳақу ҳамсояҳо шарманда созам. Пас тариқи дигарон ўро дунболгир шудам ва манзили зисташро муайян намуда, ба онҳое, ки ҷустуҷўяш доштанд, хабар додам…
  • Пас чаро ўро ба ҷавобгарӣ накашиданд.
  • Шумо чӣ, аз осмон афтидаед?
  • Нафаҳмидам.
  • Баъди се - чор моҳ чӣ тавр метавон маводи кайҳо несту нобуд намударо ба қайд гирифт. Дар он лаҳзаҳо мақоми мову нозирони тартибот дар палаҳои тарозу баробар шуда буд.
    Рафту агар моро ба милиса мебурданд, маҷбур будем, ки акси ҳодиса ва таърихи рух додани онро гўем. Дар он сурат онҳоеро, ки чунин як ҷиноятро пинҳон намуда буданд, дар асоси қонун бояд ба ҷавобгарӣ мекашиданд.
  • Пас онҳо бо Абдулваҳҳоб чӣ карданд?
  • Абдулваҳҳоб ҳамин Хуршеди Малик аст. Чун ман дар он маҳфил акси ҳолро гуфтам, ў аз бетаҷрибагӣ бой дода, ҳама суханони маро тасдиқ кард. Сипас маро ҷавоб доданду ўро мавриди тергав қарор доданд. Чун фаҳмиданд, ки ў бекафан аст, баҳри шустани гуноҳҳояш вайро ба ҳамкорӣ даъват намуданд. Чун муттаҳами чор танга қарздор буд, ба ҳамкорӣ розигӣ дод.
  • Он чӣ гуна ҳамкорӣ будааст?
  • Албатта, ҳамкори ба манфиати давлат не.
  • Рӯшантар гап занед?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан