- Ман?
- Дигар кӣ мешуд. Ба ҷуз оне, ки худат ду килограмм ва ё шояд аз ин ҳам зиёдтар маводи нашъадор доштӣ, боз бо он мавод шарм накарда, милисаро лату куб намудӣ, ки даст бардоштан ба корманди милиса ин худ ҷиноят аст. Дувоздаҳ сол ин муҳлати камтаринест, ки худат бояд интизораш бошӣ.
Сипас, ў аз мошин фаромада дуртар рафт ва тариқи телефонии мобилӣ ба куҷое занг зад…
Баъди понздаҳ дақиқа мошини тамғаи “Жигули” рангаш сафед омада дар қафои мо истод. Ман дар рўшноии чароғи барқӣ дидам, ки чӣ тавр онҳо низ ба он мард таъзим намуда, муддате суханашро гӯш карданд. Сипас, маро ҳароҳи он халтаи “сеҳрнок” ба мошини “Жигули” шинонда, ба самти ғарб ҳаракат намуданд…
Он ду нафар тамоми шаб бандаро мавриди пурсиш қарор доданд ва ба ҷуз он, ки ман ба дасти хеш нишондодро навиштам, ки ҳодиса чӣ хел рух дод, боз тариқи видеокамера ман гуфтаҳои хешро озодона такрор намудам. Сипас, дар бораи хешу ақрабоям пурсон шуданд, албатта, бе протокол ва ман гуфтам, ки ба ҷуз як тағо ва як хола дигар каси наздике, ки матлаби онҳоро иҷро кунад, надорам. - Он чӣ матлабе будааст?
- Даҳ ҳазор доллар ба ивази озодӣ.
- Ту онҳоро мешиносӣ?
- Намедонам, ман дигар ҷустуҷў накардам.
- Чаро?
- Чунки тағоям кафил шуду бандаро ба қавле муваққатан озод кард.
- Борро чун далели шайъӣ баъди баркашидан муҳр монда гирифтанд.
- Бор чӣ қадар буд?
- Ду килограмму дусаду сӣ грамм.
- Тағоятон борро дид?
- Албатта, ва ў низ ба ҳуҷҷат имзо гузошт.
- Чун шоҳид?
- Намедонам.
- Пас чи шуд?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




