- О, ба фикрам, ин маводҳо героин – ку? - гуфт ҳамон мард.
- Ин сумка аз они ман нест.
- Набошад, сумка аз кист?
- Аз Абдулваҳҳоб.
- Бо амри он мард он ду милитсионер ба тарафи тарабхона давиданд ва онҳоеро, ки боиси ҳама сарсониҳои ман гашта буданд, наёфтанд.
- Рафиқ сардор, ба ин духтараки муштипар раҳм кунед, - гуфтанд он ду нафаре, ки ба сифати шахси холис даъват шуда буданд.
- Ман раҳм намояму шумо фардо аз болоям шикоят нависед, ҳамин хел?
-Ба номи поки худо қасам, ки мо дар куҷое забон нахоҳем кушод. - Майлаш, мебинем, - баъди навишта гирифтани суроғаи он ду нафар ба ҳарду шаби хуш орзу намуд вай. Сипас бо амри он кас ман ҳамаи он борро боз ба сумка андохтам ва мо ду тан аз нав ба тарабхона рафтем, вале на Абдулваҳҳобро ёфтему на он нафареро, ки ба ҷойи мо бо пешхизмат ҳисобӣ намуда буд.
Сипас, он мард ҳарду милитсионеро ба наздаш хонда, ба гӯшашон чизе гуфт ва маро бо он сумка ба мошинаш шинонда ба роҳ баромад.
-Рафту агар ман туро ба идора барам, аз он ҷо баромаданат дигар ба гумон аст, мефаҳмӣ? - Албатта, акаҷон,- гуфтам ман.
- Барои ҳамин ман худатро ҳозир ба пункти такягоҳи милиса мебарам, дурусттараш шогирдонро даъват мекунам, ки туро ба он ҷо баранд. Ҳодиса чӣ хеле буд, ҳамаашро нақл мекунӣ. Рафту агар бахтат хандаду он нафаронро мо пайдо намоем, кӯшиш мекунем, ки худатро аз он варта бе осеб барорем, дар акси ҳол…
Чун ў дар ҳамон лаҳза суханашро бурид, дили ман шувӣ кард ва пурсидам:
-Дар акси ҳол чӣ? - Дар акси ҳол на камтар аз дувоздаҳ сол бояд худат зиндонӣ шавӣ.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




