Чун худ аллакай сархуш будам суханони вайро напазируфтам ва дар интиҳо мо ба хулосае омадем, ки он ҷоми саршорро ду қисм намоем. Абдулваҳҳоб розӣ шуд.
Чун ҷомҳо холӣ шуданд, мо аз ҷой бархоста ба сӯйи дар ҳаракат намудем. Дар ҳамин асно Абдлваҳҳоб чизеро ба ёд овардагӣ барин сумкаи дар дасташ бударо ба дасти ман дода гуфт:
- Шаҳлоҷон, ман ҳозир расида меоям, ту оҳиста-оҳиста ба самти истгоҳ рав. Гумон намудам, ки ўро қазои ҳоҷат маҷбур намудааст, ки маро лаҳзае танҳо гузорад. Дар он лаҳзаҳо ман ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наовардам, ки он сумкаи зебои селофанӣ чун замбурӯғи баъди борон аз куҷо пайдо шуд.
Хуллас, мани сархуш аз тарабхона баромадам. Милисае маро дар ҳолати мастӣ дида гуфт; ки “ҳайфи ту, ки шаъни мусулмонии хешро пос надоштаӣ.” Мардумон беҳуда нагуфтанд, он чӣ ки ҳушёрро дар дилаш ҳаст, мастро дар нӯги забонаш давр мезанад. Мани сархуш ҳарчи дар нӯги забонам буд, баҳри он милиса арзонӣ доштам ва ҳатто бо сумкаи дар дастам буда ба сараш фаровардам, ки дар натиҷа кулоҳаш аз сараш афтида, “рақскунон” садди роҳи чанд роҳгузар шуд. Дар ноомади кор аз самти муқобили роҳ мошини “Волга” омада, дар рў ба рўи мо истод ва аз дохили он ҷавонмарде, ки либосҳои хеле шинам дошт, берун омад. Ҳарчанд ў дар либоси низомӣ набошад ҳам, вале он ду милитсионер ба ў ба таври низомӣ салом дода, ҳодисаро баён намуданд. - Ин сумкаи худат? - пурсид ҳамон мард.
- Пас аз кӣ мешуд? -гуфтам мани сархуш.
- Дар дохилаш чист?
- Кори шумо чӣ? - гуфтам ман.
Сипас, он мард ду роҳгузарро даъват намуда ба ман амр дод, ки маводи дохили сумкаро болои капоти мошини ў бирезам ва ман бе ибо амри он мардро ин дафъа иҷро намудам.
Аз дохили он халта боз халтапечи дигаре баромад ва чун мардуми он ҷо буда вайро такурў намуданд, ҳуш аз сари ман парид ва ҳамоно ҳушёр шудам…

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




