Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 483 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 483 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Шаби сеюм аст, ки шумо бандаро пурсида истодаед ва оё боре ҳам андеша намудед, ки чӣ тавр як духтари муштипар ба ҳамаи ин пурсишҳо тоқат намудааст.
  • Не, чунин андеша то кунун дар сари мо наомада.
  • Чунки мо то кунун умед бар он доштем, ки ин дафъа ҳам аз об хушк мебароем.
  • Шумо ягон маротибаи дигар ҳам дар милиса будаед?
  • Албатта, вале дар дигар ҷо ва бояд иқрор шавам, ки номи ман то кунун дар куҷое сабт нашудааст.
  • Чаро?
  • Чунки ин ҳама амри боло буд, вале ман ҳеҷ намефаҳмам, ки чаро ин даъфа онҳо баҳри аз ин мурчахона (ИВС дар назар аст) баромадани мо чорае наандешидаанд.
  • Ин дафъа онҳо дар талвосаи ҷони хешанд на аз шумо.
  • Намедонам, шояд чунин ҳам бошад.
  • Ному насаби онҳо?
  • Вы что идиот, откуда мне знат, кто они и где прячутся как крыси.
  • Ин ҳама танҳо бар зарари худи шумост. Акнун бигўед, ки чӣ тавр ба ин доира афтидед?
  • Ман худам ҳам намефаҳмам ва ба гумон аст, ки шумо ба суханони ман бовар намоед.
  • Мо ҳам дар касби хеш чун деҳқонем ва шуморо бовар мекунонем, ки донаи аслиро аз донаи пуч фарқ карда метавонем.
    … Моҳи июли соли гузашта дар назди кӯли “Комсомол” ман ба нафаре шинос шудам. Ҳарчанд рўз бегоҳ шуда бошад ҳам, ба ҷои ба хона рафтан ман таклифи он ҷавонмардро пазируфтаму ҳамроҳаш ба тарабхонаи “Бону” рафтам.
    Новобаста аз он ки ҷавонмард дар нисбати банда на кам аз ҳашт-даҳ сол калонтар буд, ў ба ман писанд омад. Вақте ки мо каме нӯшидем, шиноси навам гуфт, ки ба наздикӣ аз ҳамсараш ҷудо шудааст ва акнун мурғи озод аст. Тахминан соатҳои бисту ду вай пешхизматро ҷеғ зад то ҳисобӣ намояд, вале пешхизмат гуфт, ки ана ҳамон марде, ки дар мизи кунҷи тарабхона танҳо нишастааст, ба ҷойи шумо ҳам ҳисобӣ кард.
    Шиноси ман ки он вақт худро Абдулваҳҳоб муаррифӣ намуда буд, баҳри рӯшанӣ андохтан дар сари ин қазия аз ҷой бархеста, ба сари мизи вай рафт ва ман аз бекорӣ кадукорӣ гӯфта, боз ҷоми хешро аз май лабрез намуда, хостам онро нуши ҷон намоям, вале Абдулваҳҳоб сари миз пайдо шуд ва хоҳиш намуд, ки дигар нанӯшам, чунки бо чунин ҳол ба хона рафтанам хуб нест.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан