- Аз он чи ки акси худи шумо дар он шиносномае, ки баҳратон тайёр намудаанд, ҳаст, пас мо гумон мекунем, ки ному насаби шахсони дар боло буда бароятон дар паси ҳафт муҳр маҳкам набудааст.
- Ин ҳама як занҷирест ва ба гумон аст, ки банда кӣ будани ҳалқаи асосиро донам.
- Хуш ин ному насабро ба шумо кӣ дод ва аз куҷо?
- Ба ман фармуданд, аксеро, ки метавонад дар лаҳзаҳои ҳассостарини зиндагӣ кумакам намояд, тайёр намоям. Бо тавсияи яке аз дӯстон ман бо парик аксбардорӣ шудам ва худам қариб акси хешро нашинохтам. Охир ман яку якбора аз осиёинажод ба аврупоинажод табдил ёфтам, ҳарчанд барои ин боз каме рангу бор намуда будам. Онҳое, ки баҳри ман чунин шиносномаро дастрас намуданд, ёдовар шуданд, ки ҳангоми гирифтани бонги хатар худро дар шакли ҳамин акси гирифта тайёр намоям. Онҳо танҳо номи маро тағйир надоданд, то ҳангоми муроҷиат гумонҳои бадеро дар гӯши атрофиён бедор насозанд. Қаюм ва Карим кистанд, ман худам ҳам намедонам.
- Шумо аксатонро ба кӣ додед?
- Ба ҳеҷ кас.
- Нафаҳмидам.
- Нафаре дар хона омада, акси бандаро гирифта рафт.
- Ному насабаш?
- Ўро шумо мешиносед.
- Чӣ хел мешиносем?
- Ў ҳамон нафарест, ки ҳамроҳи банда азми сафари Маскав дошт.
- Баҳодури Сулаймон.
- Ҳа.
- Ўро ба “боло” чӣ пайвастагиест?
- Намедонам.
- Шуморо ба Хуршед Малик чӣ иртиботест ва чаро модаратон хокро ба сари ў бод кардан хост.
- Чунки модарам асли воқеаро намедонад.
- Асли воқеа чӣ хел аст?
- Баръакси андешаҳои модарам.
- Шуниданаш мумкин.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




