Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 481 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 481 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Ин сухани шумо қатъист?
  • Қатъӣ ва шумо бояд ба мо бовар намоед, - гуфт Наврўз Умар.
    Муддате мусоҳиби мо сари андешаҳои хеш парвоз кард, вале касе ин “парвоз”-и ўро халалдор накард. Чун касе садди роҳи ин “парвоз” нашуд, дар интиҳо ў худ азми ба “фурудгоҳ” нишастан кард.
  • Ин таърихи хеле дарозест, - ниҳоят пардаи хомӯшӣ дарида гуфт он муши бур.
  • Мо ба ягон ҷо шитоб надорем.
  • Ман ҳам, - ба сухани мусоҳибаш посух гуфт тарҳсоз.
  • Чун дар ин нисфи шаб моро хуши навиштан нест, оё беҳтар нест, ки суҳбати хешро ба лентаи овоз сабт намоем.
  • Барои ман фарқаш нест.
  • Бисёр хуб, - гўён Наврўз Умар аз ғалладони мизи кориаш диктофони хурдакаки “Панасоник”- ро берун оварда, дар байни ду миз гузошта, ба тарафи муфаттиш нигариста гуфт: - Саодат – апа, акнун мо хоҳиш мекардем, ки “соқигии” ин маъракаро ба души хеш бигиред.
  • Аслан дар маҳфиле, ки мардҳо ҳастанд, садри маҳфил гаштани зан аз рўи одоб нест, - гуфт муфаттиши прокуратура, ки аз лаҳзаи аввали суҳбат ба Шаҳлои Носир то кунун каломе ба забон наоварда буд.
  • Чун қонун волоияти муфаттишро дар маҳфилҳои мазкур эътироф намудааст, мо наметавонем бар хилофи он амал намоем.
  • Чаро?
  • Чунки дар худи қонун садри маҷлис муфаттиш эътироф шудааст ва дар бораи ҷинс он ҷо сухане ҳам нест.
  • Модоме ки чунин аст, бандаро роҳи гурез нест.
  • Ному насаб?
  • Шаҳлои Носир.
  • Пас чаро бо шиносномаи дигаре ба фурудгоҳ рафтед?
  • Чунки ин амри “боло” буд.
  • “Боло” гуфта киро дар назар доред?
  • Онҳоеро, ки тақдири мо дар дасташон ҳаст.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан