- Хушбахтона, дар ин бора мо далели возеҳу равшан дорем ва боздошти Хуршеди Малик ҳам бо дастгирии модари шумо рух дод.
- Бовар намекунам.
- Шумо, албатта, овози модаратонро мешиносед? - пурсид Наврўз Умар.
- Албатта.
- Набошад, ана гуфтугўи модаратонро бо Хуршед Малик гўш кунед, - гўён сардори бахш тугмачаи диктофони кайҳо омода намудаашро зер кард…
- “Аз ҳодисаҳои рух дода хабар доред?
- Албатта.
- Вай чӣ?
- Гумон мекунам, ки ў ҳам бохабар аст.
Ман туф намудам ба ҳама он гумонҳои шумо. - Набошад, чаро ба худашон занг зада ҳамин гапро нагуфтед?
- Гўё ту намедонӣ чаро. Ман, ту ва вай лаънатиатро огоҳ мекунам, ки чорае андешед, вагарна хокро ба саратон бод хоҳам кард…” Наврўз Умар тугмачаро дигарбора зер намуд ва дар байни он чор девори бетонӣ хомӯшӣ ҳукмфармо гашт.
- Хуш, овози модаратонро шинохтед?
- Магар аз рўи ҳамин чанд ҷумлае, ки асоси воқеӣ надоранд, шахсро боздошт намудан аз рўи инсоф аст?
- Мо донистан мехоҳем, ки модаратон “вай” гуфта киро дар назар дорад? Ба саволи шумо бошад, посух мегўем, ки барои пинҳон кардани ҷиноят ё ҷинояткор дар қонунҳои амалкунанда ҷазо пешбинӣ шудааст. Хоҳиш мекунам моро маҷбур насозед, ки дар ҳақи модаратон чунин амалро раво бинем, - мусоҳибашро ба адлу инсоф даъват карданӣ шуда гуфт Наврўз Умар.
- Куҷост кафолат, ки баъди суханони ман модарамро ором хоҳед гузошт.
- Албатта, мо кафолати садфоиза дода наметавонем, ки модаратонро ором хоҳем гузошт, вале кафолат медиҳем, ки агар вай ба таври ростхата ва ё ғайримустақим дар ҳодисаҳои рухдода иштирок накарда бошад, пас мо метавонем аз ҳодиса огоҳ будани ўро, ки аз рўи қарзи шаҳрвандӣ мебоист ба мақомотҳои дахлдор хабар медод, сарфи назар намоем.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




