...
- Оё гуфтанӣ нестед, ки гуноҳе надоред?
...
-Ин шаби 25-уми январ нест, ки моро ба бегуноҳии хеш бовар кунонед. Ҳамзамон хомӯш нишастан ҳам бар зарари худи шумост.
Ҳамин асно дар кушода шуду Саодати Назар пой ба остона гузошт. Дар лаҳзаи аввал шояд ў нафареро, ки худ кафили бегуноҳияш шуда буд, нашинохт ва чун ба курсӣ нишаста, ба нафари дар рў ба рўяш буда чашм дӯхт, авзояш парешон гашта, ниҳоят овоз рӯшан кард: - Оё гуфтанӣ нестед, ки боздоштшудаи имшабаатон ҳамин кас аст? - Ин ҳамон нафарест, ки мо тариқи телефон дар борааш ба шумо маълумот додем.
- Аз дидоратон шодам ва аминам хишти охирро дар биное, ки худ муҳандисаш будед, ҳоҳед гузошт.
... - Чаро ў хомӯш аст? - ниҳоят сабуриро аз даст дода пурсид муфаттиш.
- Ў ба суолҳои мо ҳам ҷавобе нагуфт.
- Гумон доред, ки ин дафъа ҳам мо кафили бегуноҳии шумо хоҳем гашт, тушбераро хом шумурдед ва аз ёд набароред, ки кӯр як бор асояшро гум мекунад.
Ҳамаи ҷаҳду талошҳои мо тайи ду соати аввали пурсиш натиҷае надод ва муфаттиш маҷбур шуд, ки протоколи боздошти вайро низ имзо намояд.
Баъди ба ИВС фиристодани меҳмони навбати мо боз моделро ба ҳузури хеш хондем.
Баробари ба курсӣ нишастани боздоштшуда Шаҳлои Носир муфаттиш ҳамоно сари мақсад омада гуфт, ки чанд дақиқа пеш ў Хуршед Маликро низ ба ҳамон меҳмонхонае фиристод, ки ва дӯстонаш “истироҳат” доранд ва рафту агар ў хомӯширо чун пештара ихтиёр намояд тафтишот маҷбур мешавад, ки модарашро низ чун шахси гумонбаршуда боздошт намояд. - Барои кадом гуноҳаш?
- Барои пинҳон намудани ҷиноят.
- Бе далел?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




