Тири навбатии мо ҳам дар ин самт ба ҳадаф нарасид, чунки то омадани кормандони милиса шахси бо Соҷидаи Ҳусейн дар тамос шуда, аз пайи кори хеш рафта буд. Ҷустуҷӯи ў дар ин шаҳри калон ҷустани сӯзан дар байни тӯдаи коҳро мемонд…
Офтоб боз ба ғуруб рафт ва дар осмон аввалин ситораҳо падидор шуданд. Ана дар ҳамин лаҳзаҳо гурӯҳи дар истеҳком буда аз бозгашти объект хабар дода, супориши навбатии марказро интизор шуданд.
- Худашро ба марказ интиқол диҳед ва манзилашро дар шакли аввала назорат намоед, - амр дод Наврўз Умар, ки дар набудани Воҳид Камол сарварии амалиётро ба душ дошт.
- Марказ, шуморо фаҳмидем, - дар самти муқобил гуфтугўро қатъ намуданд.
- Муфаттишро ҷеғ занем? - пурсид Наврўз Умар.
- Ихтиёр шуморост.
- Набошад, ҷеғ мезанем, то боз нашаваду Воҳид Камол моро гунаҳкор созад, - гуфта Наврўз Умар ба манзили Саодати Назар занг зад ва ӯро аз рафти воқеаҳо огоҳ намуд.
- Интизор шавед, - гўён муфаттиш гӯшакро ба ҷояш гузошт, магар ки мо танҳо гуд - гуди алоқаи кандашударо шунидем.
Баъди бисту шаш дақиқа гурӯҳи шашум нафареро, ки тамоми рўз интизораш буданд, ба дафтари кори Наврўз Умар оварданд. - Оҳ - ҳо дӯсти худамон - ку, гуфта сардори бахш ба тарафи ман нигарист. - Акбар Ҳакимович, чаро шумо боре ҳам ёди ин дўсти дерин накардед?
- Об дар кӯзаву мо ташналабон гаштем ё гапам нодуруст?
- Дурурсттараш, ёр дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем,- гуфт сардори бахш ва “дӯсти” қадиму азалӣ нафареро, ки Саодати Назар кафили бегуноҳии вай гашта буд, ба нишастан таклиф намуд.
- Хуш, дар бораи боздошти хеш чӣ гуфта метавонед? - баъди аз дар баромадани он ду милисае, ки боздоштшударо то ба дафтари кории сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ оварда буданд, ба тарафи боздоштшуда нигариста гуфт нафаре, ки сари мизи асосӣ менишаст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




