Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 477 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 477 аз 527 · 2 ноябри 2026

Ин буд, ки то субҳ муфаттиш қарорро оид ба гузаронидани кофтуков дар манзили боздоштшудагон ба тавсиб расонд ва прокурор бе ягон истиҳола баҳри амалӣ намудани онҳо розигӣ дод. Сипас, мо чанд соати дигарро дар кофтуков сипарӣ намуда, дар ин самти фронт ҳам шикаст хӯрдем. Ба таври дигар гўем, ягон далеле, ки тариқи онҳо тавонем гуноҳи боздоштшудагонро ба таври ростхата ҳам набошад, ғайримустақим дайн намоем, ба даст наомад, вале бо пешниходи муфаттиш назорат дар ҳамон шакли аввалааш дар ҳар се манзил боқӣ монд.
Ба замми ин, прокурор барои ба зери назорат гирифтани собиқ рўзноманигори суратгир ва ҳамсари бевамондаи Нодир Замон розигӣ дод.
Он рўз офтоб ба ғуруб рафту бо фарорасии шом боз тергави боздошташудагон оғоз ёфт ва боз…
Паси кӯҳҳои сар ба афлок кашида нурҳои офтоб падидор шуданд ва аз зулмот дигар нишоне намонд.
Ана дар ҳамин вақт модари модел тобу тавоноро аз даст дода, аз телефони хонааш бо нафаре дар тамос шуд, ки баъди понздаҳ дақиқа матни он гуфтугўи телефонӣ болои мизи муфаттиш меистод.

  • Аз ҳодисаҳои рухдода хабар доред? - пурсид модари тарҳсоз аз мусоҳиби дар самти дигари сим будааш.
  • Албатта.
  • Вай чӣ?
  • Гумон мекунам, ки ў ҳам бохабар аст.
  • Ман туф намудам ба ҳама он гумонҳои шумо, мефаҳмед!
  • Набошад чаро ба худашон занг зада ҳамин гапро нагуфтед.
  • Гўё намедонӣ чаро. Ман, ту ва вай лаънатиатро огоҳ мекунам, ки чорае андешед, вагарна хокро ба саратон бод хоҳам кард…
    Баъди бисту се дақиқаи оғози гуфтушунид мо муайян намудем, ки модари модел бо, кӣ дар тамос шудааст…
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан