Бо ҳама таҷрибаи андӯхтаи хеш ман ҳанӯз хом будам ва ҳатто каломи гузаштагонро “ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад” ба ёд наовардам. Ман акнун фаҳмидам, ки қимати зар заргар бидонад ва ба гӯши нафаре, ки худ боре ҳам намаку намакдони касеро пос надоштааст, гуфтани чунин сухан баробари он аст, ки ба гӯши хар азон мегўӣ. “Ба хар чӣ гӯйӣ, ки хар хар аст” - мегуфт бобоям. Бинобар ин гуфтам: - Ба ҳар ҳол аз рўи қарзи инсони ман шуморо огоҳ намудам, боз нашаваду…
- Ҳеҷ чиз намешавад, - суханамро дар даҳонам кушта гуфт тарҳсоз.
Суханони модел қалби муфаттиш ҳам бишикофт, магар ки ў гӯшаки телефонии дохилиро бардошт. - Майори милиса Хоҷаев гӯш мекунад, - шунидем мо ҳама овози навбатдорро.
- Конвойро ба утоқи бистушаш фиристед, - амр намуд муфаттиш ва гӯшакро ба ҷояш гузошт.
Баъди ду-се дақиқа сержант Акобиров ва милитсионери қаторӣ Хушқадамов рухсат пурсида, вориди дафтари кории банда шуданд ва бо амри муфаттиш моделро боз ба ИВС бурданд. - Ба инаш чӣ мегўед? - пурсид муфаттиш.
- Модел гурги борондидаест.
- Агар ў гурги борондида намешуд, ҳаргиз рукнҳои миллии хешро пеши по намезад. Ман намедонам, муносибати ў ва Парисо дар кадом поя қарор дошт, вале ақли солим худ тақозо мекунад, ки модел дар ҳама амалҳои духтари ҳавои мамолики Арабро дар сар дошта, чун “Маяк” дар уқёнус роҳбалад будааст.
...49...
Ҷаҳду талошҳои шабона бе натиҷа анҷомид. Ҳамаи он нафаронеро, ки мо имшаб мавриди пурсиш қарор додем, худро мусичаи бегуноҳ арзёбӣ намуданд. Рафту ҳама он саргузашти хешро дар милиса нею дар маҳфили озоде мегуфтанд, аз эҳтимол дур набуд, ки мусоҳибонашон аз шунидани ин саргузашти талхи онҳо ашк нарезанд. Баҳодури Сулаймон он тараф истад, ҳатто лочин ҳам саргузашти талхе доштааст ва ба андешаи ў гўё нотавонбинонаш, ў ва ҷиянашро дар чашми мардум сиёҳ карданӣ шуда, чунин як афсонаи бемаъниеро бофта бароварданд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




