Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 475 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 475 аз 527 · 2 ноябри 2026

Шумо бояд худ фаҳмед, ки дар тарозуи вақт ҳаёту мамотатон гузошта шудааст. Тафтишот асосҳои кофӣ дорад, ки шуморо ҳамчун ҳамиштирокчӣ дар ҷиноятҳое, ки дигарон содир намудаанд, эътироф намояд. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар мо мехоҳем ба шумо ёрӣ диҳем то нашаваду…
-То нашаваду чӣ?

  • Ҳамин хомӯшиатон боиси зарари худи шумо гардад. Ман боварии комил дорам, ки дигарон кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, то номи шуморо доғдор намоянд ва шуморо муҳандиси амалҳои хеш арзёбӣ кунанд. Ман инро барои он мегўям, ки шумо ба рафти ҳодисаҳои рухдода дурусттар назар намоед.
    Вақте ки киштӣ ғарқ мешавад, ҳар кас дар талвосаи ҷони хеш аст, чунки ҳаёт худ муъҷизаест, ки онро офаридгор ба мо дода, танҳо дар ҳолати ниҳоят мушкил инсон дарк мекунад, ки то кадом андоза ҳаёт ширин аст ва баҳри эмин доштани он талош меварзад.
  • Яъне, бандаро ба ҳамкорӣ даъват карданиед ва мехоҳед, ки ман пешдастӣ намуда, дар талоши ҳаёт дигаронро сиёҳ намоям.
  • Шумо ба фикрам маро дуруст нафаҳмидед.
  • Чӣ хел нафаҳмидам?
  • Ҳамин хел одӣ. Мо намехоҳем ва талаб ҳам надорем, ки шумо баҳри амон мондани сари хеш ба касе туҳмат занед. Ба ёд биёред, як мақоли хуби халқӣ аст, ки гуфтаанд “бузро аз пойи худаш меовезанд ва гӯсфандро аз пойи худаш.” Тафтишот ҳам ҳаргиз наметавонад, ки бузро дар пойи гӯсфанд овезад. Мо, чӣ хеле ки гуфтам, агар такрор шавад ҳам, бояд арз намоям, ки ҳамон нафароне ҳастем, ки қонун ҷудо кардани қилро аз хамир ба зиммаамон гузошта аст ва чун намаки хонадони шуморо чашидаем, то кунун андешаи қадри намакдон дар хотир дорем.
  • Ин суханонро метавонед дар ягон мавриди муносиб ба духтари соддалавҳи деҳотие иброз намоед, - нигоҳашро ба суи ман дӯхта гуфт мусоҳибам.
    Нигоҳи ў ҳамон қадар сарду нафратбор буд, ки дар тасвираш ҳатто қалам оҷиз аст. Дар ҳамон лаҳзаҳо ман ҳатто пушаймон шудам, ки чунин як каломи некеро ба забон овардам. Охир чӣ тавр метавон дар дили духтаре, ки тамоми рукнҳои миллию диниашро пеши по задааст, дар бораи пос доштани намаку намакдон сухан гуфт.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан