Ба назар чунин мерасид, ки ў муҳри хомӯшӣ ба лаб гирифтааст, чунки тайи ин муддат чанд маротиба хомаи дар дасташ буда чун акробатҳо дар байни ангуштонаш тоб хурд.
Мусоҳиби дигари банда он бонуе, ки замоне аз забонаш суханони хуш чун шакар мерехт, акнун бо қошу қавоқи гирифта нигоҳашро ба фарш дӯхта буд. Ҳамагӣ ду ҳафта пеш ман ўро муши бур, муши дар об афтида ва баъдтар гурбаи бур номида будам, вале то кунун аз ёдам нарафта буд, ки акси ўро банда ба фаришта, ба фариштаи субҳ шабеҳ дода будам. Маҳз ҳамин ҳолат маро водор сохт, ки ба чанд суоли хеш посух бигирам.
-Шаҳлобону дар оғози суҳбат шумо гуфтед, ки гуноҳе надоред, - пардаи хомӯшии тӯлониро дарида, риштаи суханро ба даст гирифта гуфтам ман.
- Ҳа, гуфтам, - самти нигоҳашро тағйир надода гуфт шиноси деринаи мо, ки вазъи ба амаломада ўро имшаб дар сангари муқобили по гузошта буд.
- Ҳамчунин, шумо моро бовар кунонидед, ки то оғози субҳ мо хатои хешро фаҳмида, шуморо гусел мекунем ё нагуфтед?
- Инкор намекунам.
- Аз ҳамин лиҳоз шуморо лозим аст, ки бегуноҳии хешро собит намоед! Танҳо шумо худ метавонед исбот намоед, ки худ қурбони дасисабозиҳои дигарон шудаед, аз хотир набароред, ки то субҳ вақт кам мондааст.
- Шуморо нафаҳмидам, - ниҳоят нигоҳашро ба сўи банда равона намуда гуфт Шаҳлои Носир.
- Гумон накунед, ки дили ҳамаи мо аз санг аст ва мехоҳем нафареро ба кунҷи зиндон партоем, вазифаи аслии мо ин мўйро аз хамир ҷудо кардан аст, то нашавад, ки бегуноҳе, ё роҳгумкардае ба ҷойи ҷинояткори аслӣ ба зиндон равад.
-Шумо худ шоҳид будед, ки дар оғози суҳбат хонуми муҳтарам (мусоҳиби ман нигоҳашро ба сӯйи муфаттиш дӯхт) бандаро бар он муттаҳам карданӣ шуд, ки гӯё ман саропо олудаи гуноҳам.
-То ҷое, ки ман фаҳмидам, хонум муфаттиш шуморо барои ҳамон аксҳои урён ва нимурён гирифтаатон гунаҳкор кард.
Албатта, чун ҳар як фарди мусулмон ман ҳам дар ин ҷода шуморо дастгирӣ карда наметавонам, вале ин ҷо масъала тамоман дигар аст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




